Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МАВРИКИЯ

mavrikia

МАВРИКИЯ (Mauritius), давлат дар ҷазираи Маврикий ва ҷазираҳои Родригес, Агалега ва галаҷазираи Каргадос — Карахос, дар қисми ғарбии уқёнуси Ҳинд. Масоҳатии 2045 км2 (аз он ҷумла ҷазираи Маврикий 1865 км2). Аҳолиаш 950 ҳазор нафар (1980). Пойтахташ Порт-Луи (аҳолиаш 150 ҳазор нафар, 1977). Аз ҷиҳати маъмурӣ терр. Маврикия ба 9 округ …

Муфассал »

МАВЛУД

mavlud

МАВЛУД (ар. — таваллудшуда. зоидашуда), яке аз идҳои мусулмонон. ки гӯё ба рӯзи таваллуди Муҳаммад рост меояд. Мавлуд районҳои солҳои 10—11 муқаррар шудааст. Мавлудро одатан рӯзи 12-уми моҳи рабеъулаввали солшумории ҳиҷрии қамарӣ мегузаронанд. Рӯҳониён рӯзи Мавлуд дар масҷидҳо бо тоату ибодат машғул мешаванд. З. Бобохонова.

Муфассал »

МАВЛОНҶАР

mavlonchar

МАВЛОНҶАР, деҳаест дар С. қ. Навободи райони Ҳисори РСС Тоҷикистон Терр. колохози «Ленинизм». Аз Мавлонҷар то маркази С. қ. км, то район ва стансияи роҳи оҳан Хонакоҳ 9 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 781 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола ва магазин дорад. Содаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз д. Хонакоҳ …

Муфассал »

МАВЛОНОЗОДА

nophoto

МАВЛОНОЗОДА (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз роҳбарони шӯриши сарбадорон дар Самарқанд. Аз оилаи давлатманд. Дар давраи ҳуҷуми муғулҳо аз Ҳафтрӯд ба Осиёи Миёна (1365) омада, ӯ муллобачаи яке аз мадрасаҳои Самарқанд шуд ва дар байни мардум ҳамчун шахси ҷасур ном баровард. Баъди он ки амирони Мовароуннаҳр Ҳусайн ва …

Муфассал »

МАВЛОНОВА Ҳанифа Муҳиддиновна

nophoto

МАВЛОНОВА Ҳанифа Муҳиддиновна (таваллуд 30.1.1924, ш. Ленинобод), сарояндаи советии тоҷик (сопранои лирикӣ—драмавӣ). Артисти Халқии СССР (1968). Аъзои КПСС аз соли 1952. Духтари мутриби халқӣ Муҳиддин Мавлонов. Аз хурдсолӣ ба мусиқӣ рағбат дошт. Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинободро соли 1936 хатм карда, дар Консерваторияи давлатии Москва таҳсил намуд (1952—59). Пас аз хатми омӯзишгоҳ …

Муфассал »