Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МИНТАҚАИ ГЕОСИНКЛИНАЛИИ УҚЁНУСИ ОРОМ

mintakai-geo-orom

МИНТАҚАИ ГЕОСИНКЛИНАЛИИ УҚЁНУСИ ОРОМ, калонтарин минтақаи геосинклиналии Заминро гӯ­янд, ки атрофи уқёнуси Оромро ҳалқавор печонида гирифтааст. Ба ин минтақа соҳили материкҳо, баҳрҳои канорӣ, силсилаи ҷазираҳо ва новаҳои чуқури қаъри атрофи уқёнуси Ором дохил мешаванд. Тӯли ҳудуди беруни минтақа 56000 км, бараш аз якчанд сад то 3—5 ҳазор км. Он нооромтарин …

Муфассал »

МИНТАҚАИ ГЕОСИНКЛИНАЛИИ БАҲРИ МИЁНАЗАМИН

mintakai-geo

МИНТАҚАИ ГЕОСИНКЛИНАЛИИ БАҲРИ МИЁНАЗАМИН, яке аз ка­лонтарин ноҳияҳои аз ҷиҳати текто­никӣ серҳаракати қишри Заминро гӯянд, ки платформаҳои Европаи Шарқӣ, Сибирь, Хитою Корея ва Хитой Ҷанубиро аз платформаҳои Африкаю Арабистон ва Ҳиндустон ҷу­до мекунад. Минтақа дар Ғарб аз гул. Гиб­ралтар ба воситаи материки Евросиё то галаҷазираи Индонезия тӯл кашида, дар Ш. …

Муфассал »

МИНТАҚАИ БЕТАРАФ

mintakai-betaraf

МИНТАҚАИ БЕТАРАФ, дар ҳуқуқи байналхалқӣ, маҳалли муайяни географиеро гӯянд, ки дар он ташкили амалиёти ҳарбӣ манъ буда, онро ба сифати саҳнаи амали­ёти ҳарбӣ низ истифода кардан мумкин нест. Одатан як қисми хушкӣ ё баҳри сарҳадиро Минтақаи бетараф эълон мекунанд. Он аз тарафи давлати ҷудогонаи манфиатдор ё дар асоси шартномаи байналхалқӣ …

Муфассал »

МИНТАҚАИ АРКТИКӢ

mintakai-arktiki

МИНТАҚАИ АРКТИКӢ, минтақаи географии Замин аст, ки қисми зи­ёди шим. Арктикаро дар бар меги­рад. Сарҳади Минтақаи арктикӣ одатан аз рӯи изотермаи +5° С моҳи гармтарин муайян карда шуда, он дар ҷазираҳо ва хушкии материкии Арктикӣ бо сарҳади байни зонаҳои биёбони арк­тикӣ ва тундра мувофиқ меояд. Хусусиятҳои асосии табиати Минтақаи арктикӣро …

Муфассал »

МИНТАҚАИ АНТАРКТИКӢ

mintakai-antarktiki

МИНТАҚАИ АНТАРКТИКӢ, минтақаи географии аз ҳама ҷанубтари Заминро гӯянд, ки Антарктида ва як қатор ҷазираҳои Антарктикаро дар бар мегирад. Одатан, ҳудуди Минтақаи алийро аз рӯи изотермаи +5? С-и моҳи гармтарин муайян мекунанд. Баланси радиационии ин ҷойҳо манфӣ ё мусбати паст, массаи ҳаво антарктикист; дар хушкӣ ландшафтҳои зонаи биёбони антарктикӣ ҳукмрон …

Муфассал »