Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МИРАМОНИИ КОБУЛӢ

МИРАМОНИИ КОБУЛӢ (соли таваллуд номаълум —вафот 1572/73, Ҷунпур, Ҳиндустон), шоири форсизабони Ҳиндустон. Бо номи Мунҳиҷа маъруф аст. Дар сурудани навъҳои мухталифи шеър маҳорат дошта, девоне тартиб дода будааст. Аммо аз мавҷудияти он маълумоте нест.

Муфассал »

МИРАМОНИ ДЕҲЛАВӢ

nophoto

МИРАМОНИ ДЕҲЛАВӢ (соли таваллуд ва вафот иомаълум), нависандаи нимаи дуюми асри 18 — аввали асри 19 Ҳиндустон. Аз оилаи яке аз ашрофони Деҳлӣ. Дар Калкатта солҳои 1801—06 забони ҳиндустониро ба англисизбонон дарс медод. Дар тайёр намудани китобҳои дарсӣ иштирок менамуд. Китоби «Чор дарвеш»-ро аз форсӣ бо унвони «Боғу баҳор» (1802) …

Муфассал »

МИРАЛИИ ҲИРАВӢ

nophoto

МИРАЛИИ ҲИРАВӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1544/45, Бухоро), хаттоти маъруфи асрҳои 15—16 форс-тоҷик. Дар Ҳирот таваллуд шуда, ҳамон ҷо таҳсили илм намуд ва дар ҳунари хаттотӣ шӯҳрат ёфт. Писари Мирбоқири Ҳиравии мулаққаб ба Зулкамолайн. Миралии Ҳиравӣ ҳунари хаттотиро аз шогирд ва домоди Султоналии Машҳадӣ — Зайнуддини Маҳмуд омӯхтааст. Ба …

Муфассал »

МИРАЛИИ ТАБРЕЗӢ

nophoto

МИРАЛИИ ТАБРЕЗӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1446, Табрез), хаттоти форс-тоҷик. Собит шудааст, ки настаълиқ агарчи пеш аз Миралии Табрезӣ вуҷуд дошт, вале нопухта, берун аз қоидаву қонунҳои муайяне буд. Миралии Табрезӣ настаълиқро ба низом даровард ва он ҳамчун хати мустақил шакл гирифт. Миралии Табрезӣ чанд қитъа, «Хамса»-ҳои Низомии Ганҷавию …

Муфассал »

МИРАЛИИ САМАРҚАНДӢ

nophoto

МИРАЛИИ САМАРҚАНДӢ (соли таваллуд ва ваф. номаълум), хаттоти асри 16 тоҷик. Дар Самарқанд ба дуньё омада, дар Бухоро таҳсил ва камоли касб кардааст. Дар настаълик устоди забардаст буда, дар навиштани анвои дигари хат моҳир будааст. Аз намунаи хаттотии ӯ китоби таърихии «Равзат-ус-сафо»-а Мирхоид дар Китобхонаи нусахи хаттии Кобул (Афғонистон) маҳфуз …

Муфассал »