Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МИРЗОЧӮЛ

mirzochul

МИРЗОЧӮЛ, дашти Мирзо, дашти ҳамворест дар Осиёи Миёна, дар терр. Вилоятҳои Сирдарьёи РСС Ӯзбекистон, Чимкенти РСС Қазоқистон ва pайони Зафарободи вилояти Ленинободи РСС Тоҷикистон. Масоҳаташ 10 ҳазор км2, баландиаш аз соҳили б. 230—385 м. Мирзочӯл дар Ш. то д. Сир, дар то ҳамвориҳои наздикӯҳии қаторкӯҳҳои Туркистону Нурато кашол ёфтааст; дар …

Муфассал »

МИРЗОСИРОҶ Мирзосироҷи Ҳакими Бухороӣ

nophoto-man

МИРЗОСИРОҶ Мирзосироҷи Ҳакими Бухороӣ, маъруф ба доктор Собир (1877, Бухоро — 1914, ҳамон ҷо)» шоир, сайёҳ ва табиби тоҷик. Аз оилаи сарроф. Мирзосироҷ баъди хату савод баровардаи ба омӯхтани илмҳои ахлок, таърих, шеър, луғат ва ғ. шурӯъ кард, ба саррофӣ шуғл варзид, дар назди муаллими хусусӣ забонҳои русӣ ва франсавиро …

Муфассал »

МИРЗОРИЗОИ ҲИРАВӢ

nophoto-man

МИРЗОРИЗОИ ҲИРАВӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз наққошони асри 19 Ҳирот. Насабаш ба Алиризои Аббосии Табрезии хушнавис мерасад ва ба ин сабаб амалашро Ризои Озарбойҷонӣ имзо мекардааст. Baй аз замони амир Дӯстмуҳаммадхон то аҳди амир Абдурраҳмонхон зинда буда, умри дароз дидааст. Мирзоризои Ҳиравӣ аз мусаввирони забардаст ва моҳири …

Муфассал »

МИРЗОРАБОТ

mirzorabot

МИРЗОРАБОТ, деҳаест дар вилояти Ленинобод. Маркази С. қ. Уткансой ва Иттиҳодияи байниколхозии бурдоқипарварии pайони Хуҷанд. Аз деҳа то маркази район 32 км. Нақлиёт автомобилӣ. Аҳолиаш 245 нафар (1981), ӯзбекҳо ва тоҷикон. Мирзоработ мактаби 8-сола, клуб, амбулатория, китобхона, ошхона, шӯъбаи алоқа, магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — чорводорӣ. Аҳолӣ аз оби …

Муфассал »

МИРЗОНАЗРУЛЛОҲИ ТАНБӮРӢ

nophoto-man

МИРЗОНАЗРУЛЛОҲИ ТАНБӮРӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), машшоқ ва танбӯрии асри 19 ва ибтидои асри 20 тоҷик. Аслан аз Бухорост. Дар танбӯрнавозӣ истеъдоду маҳорати хос доштааст. Ӯ қисмати «Мушкилот»-и «Шашмақом»-ро хеле мукаммал медонист. Т. Тағовев.

Муфассал »