Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МОДЕЛОНӢ

modeloni

МОДЕЛОНӢ, тадқиқи ягон ҳодиса, процесс ё худ системаи объектив бо роҳи сохтан ва омӯхтани моделҳои онҳо. Моделонӣ яке аз асоситарин катего­рияи дониш аст. Вобаста ба характери тадқиқот физикӣ, математикӣ, электрӣ, кибернетикӣ, иҷтимоӣ, био­логӣ, лингвистӣ ва ғ. мешавад. Ниг. Моделсозӣ.

Муфассал »

МОДЕЛИЗМ

modelizm

МОДЕЛИЗМ спорт, тарроҳӣ ва сохтмони моделҳои амалкунанда ва стендии аппаратҳои парвоз, автомобилҳо, киштиҳо, локомотивҳо ва воситаҳои дигар нақлиёт барои мусобиқаҳо ва намоишҳои спортӣ. Ниг. Аснамоделизм, Спортӣ автомобилронӣ.

Муфассал »

МОДЕЛИ РЕХТАГАРӢ

МОДЕЛИ РЕХТАГАРӢ, олатест барои дар қолаби рехтагарӣ ҳосил кардани коман ашьёи рехташаванда Модели рехтагарӣ одатан қисми комплекти моделиро ташкил медиҳад. Модели рехтагарӣ яклухт (барои рехтаҳои соддашакл), ё чандқисма шуда метавонад. Модели рехтагариро дар истеҳсолоти фаръӣ аз чӯб ё пластмасса, дар истеҳсолоти саноатӣ бошад, аз металл ва пластмасса месозанд. Дар сурати …

Муфассал »

МОДЕЛ

model-falsafa

МОДЕЛ дар фалсафа, тимсоли шартии ягон объект (ё системаи объектҳо). Барои ифодаи байни дониши инсон дар бораи объектҳо ва худи объектҳо таъин шудааст. Мафҳуми Модел дар семантика, мантиқ, ма­тематика, физика, химия, кибернети­ка, иқтисодиёт ва дигар илмҳо ба маънои гуногун истифода мешавад. Ин гуногунмаъноӣ аз тавсифи умумии зерин бармеояд. Ду системаи …

Муфассал »

МОДЕЛ

model-3

МОДЕЛ дар математика, тав­сифи такрибии ягон класси ҳодисаҳои реалияти воқеист, ки тавассути аломатҳои математикӣ ифода мешавад. Модел яке аз мукаммалтарин метод­ҳои омӯзиши олами воқеӣ, пешгӯии ҳодисаҳо ва идора кардани онҳо ме­бошад. Таҳлили Модел барои фаҳмидани моҳияти ҳодисоти воқеӣ имкони­ят медиҳад. Процесси моделсозии математикӣ, ё худ бо ёрии Модел омӯх­тани ҳодисаҳо …

Муфассал »