Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МОМОИ

momoi

МОМОИ, акушерӣ, қобилагӣ, як содаи тибро гӯянд, ки процессҳои дар организми зан дар давраи ҳомилагӣ, таваллуд ва баъди таваллуд рӯйдиҳандаро меомӯзад. Момо ба занҳо (дар вақти ҳомилагӣ, таваллуд ва баъди таваллуд) ва кӯдакон (дар рӯзҳои аввали ҳаёти дохилибатнӣ ва баъди таваллуд) ёрии амалии тиббӣ мерасонад, инчунин занҳоро аз ҳомилагӣ огоҳ …

Муфассал »

МОМОГУЛИҲО

momoguliho

МОМОГУЛИҲО (Campanulaceae), оилаи гиёҳ, баъзан бутта ё дарахтони дупалла. Момогулиҳо асосан барги пандам ё рӯ ба рӯ ҷойгирифта, хӯшагули сарак ё тухмшакл, гули дуҷинсаи актиноморфӣ, баъзан каме зигоморфӣ, тоҷгули пайвастбарги зангӯла ё кифшакл, ғураки сертухммуғчаи 2—10-палла ва ғӯза, ғуҷуммева доранд. Момогулиҳо 70 ҷинс ва 2 ҳазор намуд доранд. Аксари онҳо …

Муфассал »

МОМОГУЛ

momogul

МОМОГУЛ, гули момо (Campanula), ҷинси гиёҳҳои як-ду ва бисьёрсола, баъзан нимбуттаест аз оилаи момогулиҳо. Поли бешохча ё сершохча, барги бедумча ё думчадор, хӯшагули бисёргула (баъзан якгула), гули пайвастбарги зангӯла ё цифшакли кабуд, осмонранг, баъзан сафед ё бунафш, ғӯзаи 3—5-паллаи сертухм дорад. Зиёда аз 300 намуди Момогул дар минтақаи мӯътадили Нимкураи …

Муфассал »

МОМИРАК

МОМИРАК. деҳаест дар С. қ. Балхобии районн Ленинград, вилояти Кӯлоб. Терр. совхози «Тебалай». Аз Момирак то маркази С. қ. 7 км, то район 35 км. Аҳолиаш 630 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактабн миёна, китобхона, пункти тиббӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — асосан чорводорӣ, ғаллакорӣ (ҷав, гандум, сулӣ) ва кирмакдорӣ.

Муфассал »

МОМЕНТИ ҚУВВА

momenti-kuvva

МОМЕНТИ ҚУВВА, бузургии механикиест, ки таъсироти берунаро ба ҷисм (ё ба системаи ҷисмҳо) тавсиф медиҳад ва тағйирёбии ҳаракати чархзании ҷисмро муайян мекунад. Моменти қувва с-бат ба марказ (нуқта)-и О (расм) — бузургии вектории М аст, ки ба ҳосили зарби радиусвектори (г) аз марказ О ба нуқтаи гузориши қувва гузарондашуда ва …

Муфассал »