Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МОНБЛАН

monblan

МОНБЛАН (франс. Mont Blanc, итал. Monte Bianco), массиви кӯҳиест дар кӯҳҳои Алпи Ғарбӣ, дар сарҳади Франция, Италия ва Швейцария. Тӯлаш 50 км, баланднаш то 4807 м (нуқтаи баландтарини кӯҳҳои Алӣ ва умуман Европаи Ғарбӣ). Аз гранит, гнейс ва варақсанги кристаллӣ таркиб ёфтааст. Майдони умумии пиряхҳо 277 км2. Пиряхи калонтаринаш Мер-де-Глас …

Муфассал »

МОНАЦИТ

monacit

МОНАЦИТ (нем. Monazit, аз юн. тоқаю — танҳо зиндагӣ мекунам), минерал, фосфати элементҳои нодирзамин, мансуби гурӯҳи церий; таркиби химиявиаш (Се, La…) [РО]. Аксар омехтаҳои Th02 (то 10% ва баъзан зиёдтар), U02 (то 6,6%), ZrOj, СаО, инчунин Si02, S03 ва ғ. дорад. Системаи кристаллбандиаш моноклипӣ. Кристаллҳояш пластинка ва тахтачамонанд буда, дар …

Муфассал »

МОНАРХИЯ

monarhiya

МОНАРХИЯ (аз юн. monarchia — яккаҳукмронӣ, яккаҳокимиятӣ), дар давлатҳои истисморгар шакли ҳукмроние, ки ҳокимияти олии давлатӣ расман (пурра ё қисман) дар дасти сардори ягонаи давлат — монарх мебошад. Ин шакли идоракунӣ дар ҷамъияти ғуломдорӣ ва феодалӣ вуҷуд дошта, алҳол дар як қатор давлатҳои буржуазӣ низ дида мешавад. Дар давлатҳои ғуломдорӣ …

Муфассал »

МОНАНДӢ

monandi-falsafa

МОНАНДӢ дар фалсафа, мутобиқати акс, образ бо аслаш. Мафҳуми Монандӣ дар моделсозӣ истифода мешавад. Вай се муносибати асосиро дар бар мегирад: мутобиқати тавсифи сифатии акс бо хосиятҳои асл (мас., эҳсос кардани ранги сабзи барги растаниҳо бо дарозии муайяни мавҷҳои электромагнитӣ, ки болои баргҳо шуоъ меафканад мувофиқат дорад); мутобиқати таркиби акс …

Муфассал »

МОНАНДӢ

monandi

МОНАНДӢ, мафҳуми геометриест, ки шаклҳои якхелаи фигураҳои геометриро (новобаста ба андозаашон) ифода мекунад. Агар байни нуқтаҳои шаклҳои (фигураҳои) F| ва Ft мувофиқгузории якқиммата муқаррар кардан мумкин бошад, онҳо ба ҳамдигар монанд номида мешаванд; ҳангоми чунин мувофиқгузорӣ нисбати масофаи ду нуқтаи дилхоҳи як шакл бар масофаи ду нуқтаи мувофиқи шакли дигар …

Муфассал »