Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МОРДУМҲО

mordumho

МОРДУМҲО (Ophiuroidea), як синфи ҳайвонҳои қаъри баҳрро гӯянд, ки ба сӯзанпӯстҳо мансубанд. Баданашон рафидашакл буда (кутраш то 2, баъзан то 10 см), аз он 5(10)-тогӣ мӯйлабчаҳои дарозу нарми сербугум ба ҳар тараф паҳн мешавад. Қариб 2 ҳазор намуди Мордҳо (аз ҷумла 120 намудашон дар СССР) маълуманд. Дар қаъри баҳру уқёнусҳо …

Муфассал »

МОРДВАҲО

mordvaho

МОРДВАҲО, миллат, аҳолии асосии РАСС Мордва. Шумораашон 1192 ҳазор нафар (1979). Дар РАСС Мордва, вилоятҳoи Саратов, Пенза, Ульянов, Горький, Оренбург ва Куйбышеви РСФСР, РАСС Тот., Чувашистон, Бошқирдистон, Сибирь, Осиёи Миёна ва Шарқи Дур низ зиндагӣ мекунанд. Диндорон ба масеҳият эътиқод доранд. Мордҳо ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим мешаванд: мордварзҳо ва …

Муфассал »

МОРДВА

mordva

МОРДВА, Республикаи Автономии Советии Социалистӣ, дар ҳайати РСФСР. Аз 10 январи 1930 вилояти автономӣ, аз 20 декабри 1934 РАСС Мордва. Дар маркази қисми Европоии СССР ҷой гирифтааст. Масоҳати 26,2 ҳазор км3. Аҳолиаш 990 ҳазор нафар (1979). Ба 21 район тақсим шудааст. 7 шаҳр, 17 птш дорад. Пойтахташ ш. Саранск. Бо …

Муфассал »

МОРГЕНСТЬЕРНЕ

nophoto-man

МОРГЕНСТЬЕРНЕ (Morgen 8 ti erne) Георг (1891 — 3. 3. 1978, Осло), шарқшиноси норвег, профессор. Асосан забонҳои помирӣ, дардӣ, кофирӣ, бурушаскиро тадқиқ кардааст. Зиёда аз 200 таълифоти илмӣ дорад. «Забонҳои ҳиндуэронии кишварҳои ҳамҳудуд (силсилаи мақолаҳо иборат аз 5 ҷилд), «Луғати этимологии забонҳои гурӯҳи шуғнонию рӯшонӣ» (1974) асарҳои машҳури Моргенстьерне мебошанд. …

Муфассал »

МОРГАНҲО

morganho

МОРГАНҲО, гурӯҳи сарватмандони қадимӣ ва калонтарини ШМА. Дар олигархияи молиявии мамлакат бо Рокфеллерҳо дар як қатор меистанд. Ҷуниус Спенсер Морган асос гузоштааст. Дар охири соли 1970 активи Морган 90 млрд долларро ташкил мекард. Гурӯҳи мазкур банк ва монополияи саноатии бисёрро муттаҳид менамояд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ асоси молиявии гурӯҳи Морганро …

Муфассал »