Маълумоти охирин
Главная / Биология / МОРДУМҲО

МОРДУМҲО

mordumhoМОРДУМҲО (Ophiuroidea), як синфи ҳайвонҳои қаъри баҳрро гӯянд, ки ба сӯзанпӯстҳо мансубанд. Баданашон рафидашакл буда (кутраш то 2, баъзан то 10 см), аз он 5(10)-тогӣ мӯйлабчаҳои дарозу нарми сербугум ба ҳар тараф паҳн мешавад. Қариб 2 ҳазор намуди Мордҳо (аз ҷумла 120 намудашон дар СССР) маълуманд. Дар қаъри баҳру уқёнусҳо (то чуқурии 8 км) зиндагӣ мекунанд; аксар гурӯҳҳои калонро ташкил медиҳанд. Мордҳо хӯроки моҳиҳо мебошанд. Бештар Мордҳо ҷудоҷинса буда, одатан бо метаморфоз инкишоф меёбанд; кирминаи онҳо — офиоплутеус озодона шино мекунад. Баъзе намудҳои Мордҳо зиндазоӣ, намудҳои дигарашон бо роҳи тақсимшавӣ меафзоянд. Хӯрокашон ҳайвонҳои майда ва детрит мебошанд. Тасвир дар мақолаи Сӯзанпӯстҳо.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …