Маълумоти охирин

МОРДВА

mordvaМОРДВА, Республикаи Автономии Советии Социалистӣ, дар ҳайати РСФСР. Аз 10 январи 1930 вилояти автономӣ, аз 20 декабри 1934 РАСС Мордва. Дар маркази қисми Европоии СССР ҷой гирифтааст. Масоҳати 26,2 ҳазор км3. Аҳолиаш 990 ҳазор нафар (1979). Ба 21 район тақсим шудааст. 7 шаҳр, 17 птш дорад. Пойтахташ ш. Саранск. Бо ордени Ленин (1965) ва ордени Дӯстии Халқҳо (1972) мукофотонида шудааст.

РАСС Мордва — давлати социалистии умумихалқӣ, республикаи автономии советии социалистӣ. Конституцияи ҷориаш 30 май 1978 дар сессияи 9 ғайринавбатии Совети Олии (даъвати 9) РАСС Мордва қабул шудааст. Органи олии ҳокимияти давлатӣ — Совети Олии РАСС Мордва ва Президиуми он, ки ба мӯҳлати 4 сол интихоб мешавад. Совети Олии Мордва ҳукумати республика — Совет Вазирони РАСС Мордваро ташкил медиҳад. Системаи судӣ: Суди Олии РАСС Мордва дар ҳайати ду коллегия. Прокурори РАСС Мордваро Прокурори генералии СССР ба мӯҳлати 5 сол таъин мекунад.

Табиат. Мордва дар шарқи ҳамвории Европаи Шарқӣ, дар ҳавзаи Волга воқеъ гаштааст. Мордва, вобаста ба характери рельеф ба 2 қисм ҷудо мешавад: шарқӣ — шохаи баландии назди Волга (баландиаш то 323 ) ва ғарбӣ қисми ҳамвории Ока ва Дон. Сарватҳои зеризаминӣ: оҳаксанг, доломит, торф, бӯр, мергел, гил, per. Иқлимаш мӯътадили континентӣ. Ҳарорати миёнаи январ— 11,5, июль 20° С. Боришоти солона дар Шимолу Ғарб 500 мм, дар Ҷанубу Шимол 450 мм. Дарьёҳои калонаш: Мокша ва Сура (бо шохобаш Алатырь). Мордва дар минтақаи бешадашт ҷойгир шудааст. Хоки Шимолу Ғарб хокистарӣ, дар марказ сиёҳхок ва хокистарӣ, водиҳои дарьёҳо аллювиалӣ ва торфу ботлоқӣ. 26,8% терр. Мордваро бешазор фаро гирифтааст (дарахтони тӯс, осина, роздор, зайзафун, булут, сӯзанбарг). Олами ҳайвонот гуногун ва бой. Дар Мордва гург, шохгавазн, қашкалдоқ, қундуз, гуроз, рӯбоҳ, ва ғ. ҳастанд. Аз паррандаҳо тазарв, титав, кабк; аз моҳиҳо карась, зағорамоҳӣ ва ғ. мавҷуданд.

Аҳолӣ. Дар республика мордваҳо, русҳо, инчунин тоторҳо, украинҳо ва миллатҳои дигар зиндагӣ мекунанд. Зичии аҳолӣ дар 1 км2 ба ҳисоби миёна 37,6 нафар (1979). Шаҳрҳои калон: Саранск, Рузаевка, Ковылкино.

Очерки таърихӣ. Қабилаҳои финну угор дар маҳалҳои байни Ока ва Волга, дар ҳавзаи дарёҳои Мокша, Сура, Цна аз давраҳои қадимтарин зиндагӣ мекарданд (иқоматгоҳҳои соҳилҳои дарёҳои Вад, Мокша ба давраи неолит мансуб). Дар арафаи ҳазораи 1 то м. ва ҳазораи 1 м. дар терр. Мордваи ҳозира қабилаҳои муқимии маданияти городецаждодони мордваҳо зиндагӣ мекарданд. Дар бораи қабилаҳое, ки номи умумии этникиашон мордва мебошанд, дар ёдгориҳои хаттии асри 6 м. бори аввал маълумот дода мешавад. Дар асрҳои 9-11 ҷамоаҳои территорияи «веле», «мар» ташаккул ёфтанд. Асрҳои 12-13 муносибатҳои феодалӣ инкишоф ёфта, ташкилоти сиёсии феодалӣ ба вуҷуд меояд, ки дар солномаҳои русӣ «Волости Пургас» қайд шудааст. Соли 1239 хоки Мордваро муғулҳо забт карданд. Мордва аввал ба Урдаи Тилло, баъд ба хонии Қазон ҳамроҳ гардид. Таърихи халқи мордва бо таърихи халқи рус зич вобаста аст. Баъди шикасти хонии Қазон (1552) процесси ба ҳайати давлати Рус ихтиёран ҳамроҳшавии Мордва анҷом меёфт. Ин барои тараққиёти иқтисодию мадании халқи мордва аҳамияти прогрессивӣ дошт. Асрҳои 16-18 ҳокимияти подшоҳӣ процесси насроникунонии мордва ва мустамликакунонии сарзамини онро тезонд. Заминҳои ҳосилхез ва ноҳияҳои шикори ҳайвоноти мӯинадор ба феодалони рус ва дайрҳои онҳо дода шуданд, ки ин боиси ба Заволжия, Приамурия ва Сибирь ҳиҷрат кардани халқи мордва гардид. Халқи мордва дар сафи лашкарҳои халқии Минин ва Пожарский (аввали асри 17), дар ҷангҳои деҳқонон асри сарварии И. И. Болотников (1606—07), С. Т. Разин (1667—71), Е. И. Пугачёв (1773—75) иштирок кардааст. Дар Ҷанги Ватании 1812 дар Саранск, Инсар ва дигар маҳалҳои аҳолинишин полкҳои лашкарҳои халқӣ ташкил шуда буданд. Дар солҳои 90 сохтмони роҳи охан Москва—Қазон алоқаи байни ноҳияҳои саноатии Россияро боз ҳам мустаҳкам кард. Дар миёнаи асри 19 дар деҳаҳои Мордва мактабҳо кушода шуданд, вале таълим ба забони русӣ мегузашт. Меҳнаткашони Мордва дар Револютсияи 1905—07 фаъолона иштирок карданд. Роҳиоҳанчиёни стансияи Рузаевка ҳокимиятро ба дасти худ гирифта Республикаи Рузаевкаро эълон намуданд. Деҳқонон 15 мулки помещиконро хароб карданд. Баъди Револютсияи соли 1917 дар Мордва советҳо ба вуҷуд омаданд, ки дар онҳо то ибтидои соли 1918 меньшевикҳо ва эсерҳо аксариятро ташкил медоданд. Дар сентябр— октябри, 1917 таҳти роҳбарии ташкилотҳои Москва, Сормово ва дигар шаҳрҳо (дар Рузаевка, Ардатов, Темников) ташкилотҳои большевикӣ барпо карда шуданд. Ноябри 1917 — марти 1918 дар Мордва Ҳокимияти Советӣ пойдор гардид. Соли 1928 дар вилояти Волгаи Миёна округи Мордва ташкил шуда, 10 январи 1930 ба Вилояти Автон. Мордва, 20 декабри 1934 ба РАСС Мордва табдил дода шуд. Дар солҳои паҷсолаи пеш аз ҷанг халқи мордва бо ёрии халқи рус ва дигар халқҳои СССР социализмро асосан барпо кард ва дар барҳам додани ақибмонии иқтисодӣ ва маданӣ ба муваффақиятҳои калоне ноил гардид Кишвари Мордва аз ноҳияи аграрии қафомондаи Россия ба республикаи индустриалию аграрӣ табдил ёфт. Халқи мордва чун миллати социалистӣ ташаккул ёфт. Маданияти шаклан миллию мазмунан социалистӣ ва рӯҳан интернационалии халқи мордва гул-гул шукуфт. Халқи мордва солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) дар фронт ва ақибгоҳ корнамоиҳои калон нишон дод. Зиёда аз 75 ҳазор аскарон ва офицерон бо ордену медалҳои СССР мукофотонида шуданд, 102 нафар онҳо сазовори унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардиданд. Халқи Мордва ҳамроҳи тамоми халқҳои Иттифоқи Советӣ баҳрӣ барпо намудани базаи моддӣ-техникии коммунизм меҳнат мекунад.

Хоҷагии халқ. Мордва— республикаи дорои саноати мутараққӣ ва хоҷагии қишлоқи серсоҳа. Соҳаҳои асосии саноат: мошинсозӣ ва коркарди металл, химия, ҷангал ва коркарди чӯб, саноати сабук ва хӯрокворӣ. 3аводҳои калон: «Эдектровьшрямитель», лампаҳои электрӣ, кабел, асбобу олотсозӣ, экскаватор, автосамосвалҳо, таъмири тепловоз, асбобу олотҳои тиббӣ, таҷҳизот, рехтагарӣ, . комбинатҳои шир, консерв ва комбинати гӯшт дар Саранск; заводи мошинсозии химия, фабракаи трикотаж дар Рузаевка. Дар наздикии Чамзинка ва маҳалли Комсомольск дар асоси кони мергелхон Алексеевск заводи цемент ва комбинати маснуоти асбоцементӣ кор мекунанд. Қарибии Ардатов асбобҳои рӯшноидиҳандаи техникӣ, дар посёлкаи Ширингӯши; фабрикаи моҳут, дар Краснослабодск: фабрикаи ресандагию бофандагӣ кор мекунад. Ноҳияҳои чӯбтайёркунӣ ва коркарди чӯб дар Ҷанубу Ғарб (Умет, Зубово-Полянский, Выша), фабрикаи коғаз; дар Кондровка воқеанд. Мордва дар Саранск 2 ТЭЦ ва дар Ромодаяовск, инчунин Алексеевск ГЭС дорад. Соли 1975 625 млн. кВт-c. қувваи электр истеҳсол карда шуд.

Дар хоҷагии қишлоқ асосан ғалла, картошка, лаблабуи қанд ва чорвои ширу гӯштдеҳ парвариш карда мешавад. Майдони умумии кишт —1223,7 ҳазор га (1978). Зироати асосӣ: гандум, вендор. Боғдорӣ низ тараққӣ кардааст. Соли 1979 дар Мордва 33,8 ҳазор cap гов, 302,7 ҳазор cap хук, 477,9 ҳазор cap бузу гӯсфанд буд. Паррандапарварӣ ва занбӯри асалпарварӣ ҳам тараққӣ кардааст. Зиёда аз 40 комплекси махсусонидашудаи чорводорӣ мавҷуд аст; боз 50 комплексн дигар сохта шуда истодааст. Тӯли роҳи оҳан  539 км (1976). Роҳи оҳани асосӣ: Москва — Куйбышев (алектронида шудааст), Горький — Саранск — Пенза, Красный Узел — Газон. Узелҳои калони роҳи оҳан: Рузаевка, Красный Узел. Газопровода Саратов — Горький аз терр. республика мегузарад. Мордва ба дигар ноҳияҳои СССР маҳсулоти саноати мошинсозӣ, лампаҳои электрӣ, цемент, шифер, препарату асбобу олотҳои тибой, қанд, консерв мебарорад. Мордва аз дигар нозукиҳо сӯзишворӣ, металл, таҷҳизоти саноатӣ, нақлиёт ва хоҷагии қишлоқ, чӯбу тахта, маҳсулоти саноати сабук мегирад.

Нигаҳдории тандурустӣ. Соли 1913 дар терр. ҳозираи Мордва 29 беморхонаи дорои 517 кат, 4 участкаи тиббии деҳа буд. Аз бемориҳои сироятӣ домана, вабо, тоун ва дар деҳот трахома паҳн шуда буданд. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ трахома, чечак, домана барҳам дода шуда, сил ва дигар бемориҳои сироятӣ хеле кам шуданд. Соли 1976 дар беморхонаҳои республика қариб 12 ҳазор кат буд. Соли 1978 2500 духтур, 9000 коркунони тиббии маълумоти миёна кор мекарданд. Кадрҳои тиббиро факултети тиббии Университети Мордва ва паҳн омӯзишгоҳи тиббӣ тайёр мекунанд. Мордва 4 санатория дорад.

Маориф ва маданият. То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябрь дар байни мардони мордва 14% ва дар байни занон 2% саводнок буданд. Соли таҳсили 1914/ 15 дар мактабҳои маълумоти умумӣ ҳамагӣ 58 ҳазор нафар таҳсил мекарданд. Мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ набуданд. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ бесаводӣ маҳв шуда, таълими ҳатмӣ ҷорӣ гашт ва адабиёту санъати халқӣ ташаккул ёфт. Соли 1978 дар республика 1122 мактаби маълумоти умумӣ, 33 омӯзишгоҳи касбӣ, 22 мактаби миёнаи махсус, 2 мактаби олӣ (университет ва институти педагогӣ) буд. Соли 1978 дар республика 600 китобхонаи оммавӣ, 800 клуб, 2 театр, 6 музей, 10 муассисаи илмӣ (муҳимтарини онҳо — институти тадқиқоти илмӣ, институтҳои лоиҳакашӣ-конструкторӣ ва технологӣ: Институти умумииттифоқии манбаъҳои рӯшноӣ ба номи А. Н. Лодыгин, заводи техникии нимноқилии қувватдиҳандаи «Электровыпрямитель», институти тадқиқоти илмии забон, адабиёт, таърих ва иқтисодиёти назди Совети Вазирони РАСС Мордва) мавҷуд буд. Мордва маркази телевизиои, радио ва нашриёти худро дорад. Соли 1976 дар Мордва 26 газета ва 2 журнал нашр мешуд. Газетаҳо: «Мокшеиь правда» («Ҳақиқати Мокша», аз соли 1921, ба забони мокша), «Эрзянь правда» («Ҳақиқати Эрзянь», аз 1921, ба забони эрзянӣ), «Советская Мордовия» (аз 1918, русӣ), «Молодой ленинец» (аз 1939). Журналҳо: «Сятко» («Шӯъла», аз соли 1929, ба забони эрзянӣ), «Мокша» (аз 1928, ба забони мокша).

Адабиётн советии Мордва аз солҳои 20 асри 20 ташаккул ёфт. Саромадони он 3. Ф. Дорофеев ва Я. П. Григошин буданд. Дар байни солҳои 30 жанрҳои барои адабиёти Мордва нав достонҳо, драмаҳо, повестҳо аз худ карда шуданд. Аввалин романҳои мордва ҳамон солҳо ба табъ расиданд. Фаъолияти адабии П. С. Кириллов (1910—55) ва М. И. Безбородов (1907—35), ки классикони адабиёти мордва мебошанд, аз ҳамин давр cap шудааст. Дар давраи панҷсолаҳои пеш аз ҷанг як қатор асарҳои муҳим (Достонҳои «Афсонаи воқеӣ», «Барои озодӣ»-и Безбородов, драмаи таърихии «Литова» ва повести «Дарси аввалин»-и Кириллов, пьесаи «Аз рӯи одати кӯҳна»-и К. С. Петрова, романҳои «Лавгинов»-и В. М. Коломасов, «Ламзурь»-и А. А. Куторкин) офарида шуданд. Беҳтарин асарҳои нависандагони мордва ба тасвири сохтмони социалистии республика, ватандӯстии одамони советӣ бахшида шудааст. Мавзӯи ватандӯстӣ дар адабиёти мордва махсусан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зоҳир гашт. Нависандагони ҷавон А. Щеглов, А. Малыши, И. Девин, И. Шумилкин ва дигар ба арсаи адабиёт омаданд. Мавзӯи таърихӣ дар адабиёт (романҳои «Мокшаи васеъ»-и Т. Кирдяшкин ва «Валдаевхо»-и А. Куторкин, драмаи П. С. Кириллов «Муаллима» ва ғ.) мавқеи калон пайдо кард. Дар миёнаи солҳои 50 жанри романи иҷтимоии серсоҳа (А. Лукьянов, А. Куторкин, И. Кишняков, К. Абрамов, С. Ларионов, М. Сайчин в дигарон) ба вуҷуд меояд. Повести Н. Эркай «Алёшка», пьесаҳои Г. Меркушкин, маҷмӯаи ҳикояҳои бачагонаи Я. Пинясов, маҷмӯаи шеърҳо нашр мешаванд. Танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ аз солҳои 50 рӯ ба тараққӣ ниҳод. Солҳои 70 нашри таърихи адабиёти советии Мордва дар се ҷилд ба анҷом расид. Соли 1934 дар РАСС Мордва шӯъбаи ИН СССР ташкил карда шуд.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Дар қасабаҳои давраи биринҷӣ бисьёр ношиҳои нақшу нигордор, зарфҳои биринҷӣ, яроқҳои скифӣ ёфт шудаанд. Дар қабрҳои асрҳои 9—11 дастпона, овеза, сӯзанакҳои биринҷӣ ва ғ. вомехӯранд. Аз қадимулайём хонаҳои чӯбинро истифода мебаранд. Аз асри 17 деҳаҳо мувофиқи план сохта мешаванд. Шаҳрҳои нав (Саранск, Инсар) ба вуҷуд омаданд. Масҷид ва хонаҳои истиқоматӣ дар пайравии услуби русӣ сохта мешуданд. Ба ҳунарҳои халқии анъанавй: гулдӯзӣ, кандакорӣ, истеҳсоли зебузинатҳои фулузӣ дохил мешаванд. Меъмор С. Эрьзи (С. Д. Нефедов) ва рассом Ф. Сычков фаъолияти худро пеш аз револютсия cap карда буданд. Аз рассомони ҳозира В. Илюхин, Б. Нозирин, Н. Брушев, В. Хрымов, В. Попков, меъморон М. Нефедов, Я. Яшин, графикҳо А. Коровин, М. Шанин, М. Курдюков ва дигарон машҳуранд.

Мусиқӣ, театр. Сурудҳои халқии мордва бисёровозаанд. Ғайр аз сурудҳои лирикӣ ва эпикӣ, рубоӣ, сурудҳои рақсӣ низ маълуманд. Нан қамиши (нуди, нудей), скрипкаи дастсохт (караье), арра, баъдҳо гармонь, балалайка, гитара, баян асбобҳои маъмули мусиқии Мордва мебошанл. Мусиқии касбӣ дар давраи советӣ инкишоф ёфт. Аввалин бастакори касбӣ Л. Кирюков (драмаи мусиқӣ, опера, мусиқии хорӣ) буд, бастакор Л. Воинов барон оркестри асбобҳои халқӣ пьесаҳо офарид. Баъди револютсия фаъолияти коллективҳои театрҳои ҳаваскорони санъат (аввали асри 20 ба вуҷуд омаданд) васеътар шуд. Дар ибтидои солҳои 30 театрҳои колхозию совхозӣ пайдо шуданд. Соли 1930 дар Саранск Студияи драмаи мусиқӣ (аз соли 1932 Театри давлатии драмаи РАСС Мордва) ташкил ёфт. Дар кори тарбияи коллективҳои ҷавонони эҷодкор саҳми Театри Хурд (1935—38 ба шефӣ гирифта буд) хеле калон аст. Аз соли 1972 дар республика Театри драмаи мусиқӣ ва Театри лухтак (ҳар ду дар Саранск) кор мекунанд.

Ад.: Горцев В. И., География Мордовской АССР, Саранск, 2 изд., 1070; Очерки истории Мордовской АССР, т. 1— 2, Саранск, 1055—61; История мордовской советской литературы, т. 1—2, Саранск, 1068—71; История музыки народов СССР. т. 1—2, М., 1070.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …