Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МОРФОЛОГИЯ

morfologiya

МОРФОЛОГИЯ (аз юн. morphe — намуд. шакл, сохт ва …логия)% як ҷузъи системаи забони табиист, ки тарзи сохта шудан, дарки маънои шаклҳои калимаҳои забонро таъмин менамояд; як қисми забоншиносӣ (грамматика) мебошад, ки ин ҷузъи системаи забонро меомӯзад. Морфогенез ҳамчун илм аз ду фасл иборат аст: 1) фасли омӯзиши калимасозӣ, 2) …

Муфассал »

МОРФОГЕНЕЗ

morfogenez

МОРФОГЕНЕЗ (аз юн. morphe — намуд, шакл ва… генез), морфогения (дар биология), пайдоиш ва инкишофи узв, система ва қисмҳои дигари бадан ҳам дар вақти инкишофи фардӣ (онтогенез) ва ҳам дар вақти такомули таърихӣ ё эволюционӣ (филогенез)-и организмҳо. Омӯзиши Морфогенез яке аз проблемаҳои асосии морфология» наботот, ҳайвонот ва одам мебошад.

Муфассал »

МОРФИН

morfin

МОРФИН, алкалоид, воситаи табобатӣ аз гурӯҳи доруҳои рафъкунандаи дард. Дар амалияи тиб асосан гидрохлориди он чун воситаи табобатӣ (бо тавсияи духтур) ҳангоми ҷароҳат ва бемориҳои гуногуне, ки дардашон бисьёр сахт аст, инчунин барои ба ҷарроҳӣ тайёр намудани беморон ва баъди ҷарроҳӣ, баъзан дар вақти танг шудани нафас истифода мешавад. Ҳангоми …

Муфассал »

МОРФЕМА

morfema

МОРФЕМА, хурдтарин ҷузъи маънодори нутқ яке аз воҳидҳои асосии системаи забон. Морфемаҳо аз як ё якчанд фонема ташкил ёфта, ду навъанд: решагӣ (мустақил) ва аффиксӣ (ёридиҳанда). Ба гурӯҳи Морфемаҳои мустақил, кор, сурх, бмет барин Институти давла Морфемаҳо дохил мешаванд, ки маънои лексикӣ доранд. Префиксҳо, суффиксҳо, бандакҷонишинҳо, ба идейнои феълӣ ва …

Муфассал »

МОРУA

morua

МОРУA (Maurois) Андре (тахалл.; ном ва фам. Эмиль Эрзог; 27. 8. 1885, Эльбёф—9. 10. 1967, Париж), нависандаи франсавӣ. Аъзои Академияи Франция (1938). Муаллифи романҳои психологии «Бернар Кенэ» (1926), «Носозгориҳои ишқ» (1928), «Муҳити оила» (1932) ва ғ. мебошад. Шӯҳрати ҷаҳониро Мортук бо асарҳои тарҷумаиҳолӣ ба даст овард: «Ариэль ё худ ҳаёти …

Муфассал »