Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МЕТАГАЛАКТИКА

metagalaktika

МЕТАГАЛАКТИКА (аз мета… ва Галактика), маҷмӯи ҳамаи системаҳои ситорагиест, ки як қисми он маҷмӯи тамоми галактикаҳои бо телескопҳои ҳозиразамони оптикӣ, рентгенӣ ва радиотелескопҳо мушоҳидашударо (тақр. 1 млрд) фаро мегирад Баъзан мафҳуми Метагалактикаро бо мафҳуми Коннот айният медонанд, ҳарчанд ки вуҷуд доштани Метагалактикахои дигар аз эҳтимол дур нест. Метагалактикаҳо, радиогалактикаҳо, квазарҳо …

Муфассал »

МЕТАБОЛИТҲО

metabolitho

МЕТАБОЛИТҲО, моддаҳоеанд, ки дар ҳуҷайра, бофта ва узвҳои набототу ҳайвонот ҳангоми процесси мубодилаи мобайнӣ ҳосил мешаванд (ниг. Метаболияи) ва дар процессҳои минбаъдаи ассимиляция ва диссимиляция иштирок мекунанд.

Муфассал »

МЕТАБОЛИЗМ

metabolizm

МЕТАБОЛИЗМ (аз юн. metabole— тағйирёбӣ, табаддулот), маҷмӯи реаксияи химиявии дар ҳуҷайраҳои зинда баамалояндаро гӯянд, ки организмро бо энергия ва моддаҳои барои фаъолияти ҳаётӣ, сабзвотҳо афзоиш зарурӣ таъмин менамоянд. Ба маънии бештар истифодашаванда истилоҳи «Метаболизм» мубодилаи моддаҳо ва энергияро ифода мекунад; ба маънии махсус ва саҳеҳтар мубодилаи мобайнӣ, яъне табаддулоти моддаҳоро …

Муфассал »

МЕТА-, ОРТО-, ПАРА-,

khimiya

МЕТА-, ОРТО-, ПАРА-, (мухтасар м-, о-, п-; аз юн. meta —баъди, байни; orthos — рост; рага — мутақобил), дар химия, ҳиссачаҳое, ки дар химияи органикӣ мавқеи ду ҷойнишини якхела ё гуногунро нисбат ба якдигар дар ҳалқаи бензол нишон медиҳад. Чунончи, дар метапайвастҳо ҷойнишинҳо мавқеи 1,3, дар орто-пайвастҳо —1,2, дар пара-пайвастҳо …

Муфассал »

МЕТА…

МЕТА… (аз юн. meta — байни, баъд, ба воситаи), як ҳиссаи аввали таркибии калимаҳои мураккабест, ки фосила, аз паси ягон чиз рафтан, ба ягон чизи дигар гузаштан, дигаршавии ҳолат, табдилёбиро ифода мекунад. Мас., метаболизм, метагалактика, метагенез ва ғ.

Муфассал »