Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МИЗИДҲО

mizid

МИЗИДҲО (Mysidacea) як қатори харчантшаклҳои олиро гӯянд. Дарозии танашон 0,5—2,5 см (баъзе Мизидҳо то 18 см меша­ванд) аст. Дар қафаси сина 6 ҷуфт пой доранд. Мизидҳо бе ме­таморфоз инкишоф моёбанд. Зиёда аз 600 намудашон асосан дар баҳрҳо то чуқу­рии 7 км зиндагӣ мекунад. Дар СССР қариб 100 намуди Мизидҳо, асосан …

Муфассал »

МИЗДАҲКОН

mizdahkon

МИЗДАҲКОН, шаҳри қадимаи Осиёи Миёна (миёнаҳои ҳазораи 1 то м.— а. 15). Миздаҳкон дар соҳили рости д. Аму, рӯ ба рӯи ш. Гургани (ҳозира райони Хунайлии РАСС Қароқалӣ.) воқеъ буд. Солҳои 1928—29 А. Ю. Якубовский тадқиқи Миздаҳконро cap кард ва Экспедицияи археологию этног­рафии Хоразм таҳти роҳбарии С. П. Толстое солҳои …

Муфассал »

МИЁНШАҲР

МИЁНШАҲР, деҳаест дар С. қ. Ванқалъаи райони Шуғнони ВАБК, дар соҳили д. Рунд ва терр. совхози «50-со-лагии Помир». Аз Миёншаҳр то маркази район 91 км. Аҳолиаш 575 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаб, клуб, пункти тиббӣ ва китобхона дорад. Сокинонаш бо чорводорӣ машғуланд.

Муфассал »

«МИЁНХОНА»

«МИЁНХОНА», миёнхат, қисмати мусиқист, ки дар шӯъбаи мақомҳо, оҳангу сурудҳои мукаммали халқӣ (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) истифода мешавад. Аслан дар байни усул омада, вазифаи «нақарот»-ро иҷро мекунад. Миёнхона одатан дар регистр (парда)-ҳои миёна вохӯрда, ҳангоми сурудан бо як ё ду мисраи шеър инро карда мешавад, Т. Шаҳобов.

Муфассал »

МИЁНДАРА

chashma

МИЁНДАРА, чашмаи минералии карбонатдор дар райони Ванҷ. 55 км шарҳтар аз посёлкаи Ванҷ, дар сои Миёндара воқеъ аст. Дебиташ 1 л/сов. Ҳарораташ об 8° С. Таркибаш намакҳои кислотаи карбонат ва силикат, инчунин бор, оҳан ва ба миқдори кам мис, рӯҳ, никел, стронций ва ғ. дорад. Оби Миёндараро хамчун нӯшокии табобатӣ …

Муфассал »