Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

РУШДИЯ

РУШДИЯ (арабӣ) ҷараёни фалсафиест, ки намояндагонаш таълимоти ба материализм моили мутафаккири асри 12 араби андалусӣ Ибни Рушдро (1126—1198) такмил ва инкишоф додаанд. Рушдия абадиляти олам, қонунияти табиии рӯй додани ҳодисаҳо, фанопазирии нафси фардӣ, ба амри зарурат тобеъ будани афъоли одам ва ба донистани ашёву ҳодисаҳои ҷузъӣ қодир набудани худоро эътироф …

Муфассал »

РУХШОНА

РУХШОНА, Р у х ш о н а к (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), духтари сарлашкари Суғд Оксиарт. Мувофиқи маълумотҳои атиқӣ баҳори соли 327 то мелод Искандари Мақдунӣ қалъаи кӯҳии Суғдро забт намуда, аҳли оилаи Оксиартро асир мекунад ва ба Рухшона, ки ниҳоят зебо будааст, ошиқ шу¬да, ӯро ба занӣ …

Муфассал »

Деҳаи РУХЧ

РУХЧ, деҳаест дар Совети қишлоқи Савноби райони Рушони ВМКБ. Территорияи совхози «Бартанг». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 15 км, то район 180 км. Аҳолиаш 165 нафар (1981), тоҷикон. Миктаби ибтидоӣ, магазин ва фермаи говпарварӣ до¬рад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — ғаллакорӣ (гандум, ҷав) ва чорводорӣ. Зиминҳо аз дарёчаи Зиворн обёрӣ …

Муфассал »

Зардолуи РУХИ ҶАВОНОН

АБДУХОЛИҚӢ

РУХИ ҶАВОНОН, як навъ зардолуи маҳаллӣ. Асосан барои тархӯрӣ истифода мебаранд. Баъди 4—5 соли кӯчат шуданаш ҳосил медиҳад. Дарахташ мисли сада шох меронад. Мевааш июн мепазад, вазнаш 35— 45 г, рангаш зард, як тарафаш сурх, лӯнда, ҷилодор, хушбӯи (14—16% қанд дорад). Аз дар бехи он 125— 200 кг ҳосил мегиранд. …

Муфассал »

РУТУБАТ

РУТУБАТ (арабӣ—тарӣ), бино ба тибби қадим, намиест дар узв ё аъзои бадан. Агар миқдор ва каифияти он зиёда гардад, беморӣ пайдо мешавад. Хелҳои Рутубат бисёранд. Масалан, Pутубати а ф и н (тарие, ки дар аъзо бӯй пайдо кардааст), Pутубати лаззоъ (тарие, ки ахлотро дар бадан сӯзонда ғализ мегардонад) ва ғайра.

Муфассал »