Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МИЛУОКИ

miluoki

МИЛУОКИ (Milwaukee), шаҳр ва бандарест дар шим. ШМА, дар шт. Висконсин. Аҳолиаш 666 ҳазор нафар бо атрофаш 1,4 млн нафар (1975). Дар соҳили гарбии кӯли Мичиган, дар ҷое, ки ба он дарёи Милуоки мерезад, воқеъ гаштааст. Калонтарин маркази саноатӣ ва тиҷоратии Висконсин ва қисми ғарбии минтақаи чорводории ширии ШМА. Соҳаҳои …

Муфассал »

МИЛТИҚ

miltik

МИЛТИҚ аслиҳаи оташфишонест, ки дар шикор ва кори ҳарбӣ истифода мешавад. Дар асри 12 арабҳо ихтироъ кардаанд. Дар аввал Милтиқ аз милан ба дастаи чӯбӣ шинондашудае иборат буд. Милтиқҳои қадимаро бо пилта оташ медоданд (аз ин рӯ, онҳоро халқ Милтиқҳои пилтагӣ меномнд). Асри 14 дар Европа Милтиқҳои суфта-мила ба вуҷуд …

Муфассал »

МИЛОНИТ

milonit

МИЛОНИТ (аз юн. mylon— осиёб), ҷинси кӯҳии резаю судашудаест, ки дар чокҳои тектоники аз ҳаракати массаи ҷинсҳо ба вуҷуд омадааст. Ҷинсҳои кӯҳӣ (гранит, гнейс, варақсангҳои кристаллӣ, кварцит ва ғ.) дар натиҷаи ҳаракат ва фишор соиш хӯрда, аввал реза-реза, баъд суда ва ниҳоят сахт мешаванд. Дар зери микроскоп дар байни массаи …

Муфассал »

МИЛОД

МИЛОД (ар. — рӯзи таваллуд, замони зоида шудан), замони нав, солшумории нав, тақвимест, ки аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон қабул кардаанд аз «таваллуди Исони афсонавӣ» cap мешавад. Дар ибтидои паҳншавии масеҳият ҳисобҳои гуногуни сол (тақвими Диоклетиан, тақвими «буньёди олам» ва ғ.) мавҷуд буданд, ки онҳо камбудиҳои ҷиддӣ доштанд. Дар асри 6 ба …

Муфассал »

МИЛЛЬ

mill

МИЛЛЬ (Mill) Ҷон Стюарт (20. 5. 1806, Лондон — 8. 5. 1873, Алипьон), файласуф, позитивист, иқтисодчӣ ва ходими ҷамъиятии аиглис. Ба ҷаҳонбинии Милль иқтисоди сиёсии Д. Ри­кардо, таълимоти утилитарии И. Бентам, фалсафаи (Беркли, Д. Юм, О. Конт, психологияи Д. Гартли ва Ҷеймс Милль таъсир кардааст. Ба ақидаи Милль ҳамаи дониш …

Муфассал »