Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИЛЛЬ

МИЛЛЬ

millМИЛЛЬ (Mill) Ҷон Стюарт (20. 5. 1806, Лондон — 8. 5. 1873, Алипьон), файласуф, позитивист, иқтисодчӣ ва ходими ҷамъиятии аиглис. Ба ҷаҳонбинии Милль иқтисоди сиёсии Д. Ри­кардо, таълимоти утилитарии И. Бентам, фалсафаи (Беркли, Д. Юм, О. Конт, психологияи Д. Гартли ва Ҷеймс Милль таъсир кардааст. Ба ақидаи Милль ҳамаи дониш аз таҷриба буда, предмети он эҳсоси мост. Милль ҳам материализм ва ҳам идеализмро ду ифроти «метафизикӣ» медонист. Ӯ ақида дошт, ки материя маҳз имконияти доимии эҳсосот, рӯҳ имконияти доимии идрок аст. Як қатор нуқтаҳои фалсафию мантиқии позитивизми О. Контро маъқул дониста, таълимоти иҷтимоию сиёсии ӯро инкор намудааст. Мувофиқи ақидаи Милль ашё берун аз ид­рок вуҷуд надорад. Инсон фақат «зуҳуроте» (эҳсос)-ро дониста метавонад, ки аз доираи он берун баромадан мумкин нест. Ӯ дар асари «Системаи мантиқ» дедукцияро ҳамчун методи донистани донишҳои нав рад ва роли индукцияро ба тав­ри метафизикӣ муболиға намуда, методи тадқиқи индуктивии аломҳои сабабиро баён кардааст. Милль дар соҳаи ахлоқ («Утилитарнанизм, 1863) ба И. Бентам пайравӣ карда, ҳис ва принципҳои ахлоқиро аз таҷриба медонист. Дар соҳаи иқтисодиёт («Асосҳои иқтисоди сиёсӣ ва баъзе иловаҳо ба фалсафаи иҷтимоӣ») ба ҷои назарияи арзиши меҳнати Д. Рикардо назарияи вулгарии ҳарчи истеҳсолотро пешниҳод намуд ва тарафдори мальтусгарӣ буд. Милль аз рӯи ақидаҳои иҷтимоию сиёсии худ либерали буржуазист.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …