Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МАДРАС

МАДРАС (Madras), шаҳри бандарӣ дар ҷануби Ҳиндустон, дар соҳили халиҷи Бангола. Маркази маъмурии штати Тамилнад. Аҳолиаш 2470 хазор нафар (г1971). Яке аз калонтарин шаҳрҳои Ҳиндустон (баъди Бамбай, Деҳлӣ ва Калкатта). Мадрас—маркази калони саноат, савдо, молия ва маданияти мамлакат. Узели муҳими нақлиёт. Мадрас, кӯчаи Моунтрод. Аэропорташ Минамбаккам ном дорад. Канали киштигард …

Муфассал »

МАДОР-УЛ-АФОЗИЛ

«МАДОР-УЛ-АФОЗИЛ» (номи дигараш «Фарҳанги мавлоно Илаҳдоди Сарҳиндӣ»), Фарҳанги тафсирии форсӣ-тоҷикӣ, таълифи Файз ибни Асадулуламо Алишери Сарҳандии Рифъат. Соли таълифаш 1593. «Мадор-ул-афозил» аз 28 боб (мувофиқи миқдори ҳуруфи алифбои арабӣ) иборат буда, калимаҳо аз рӯи ҳарфи аввал (боб) ва аз рӯи ҳарфи охир (фасл) мураттаб шудаанд. Дар: «Мадор-ул-афозил» асосан луғоти тоҷикӣ, …

Муфассал »

МАДОРИ

МАДОРИ ҷирми осмонӣ, масири ҷирми осмонӣ дар фазои Кайҳон. Шакли Мадории ҷирми осмонӣ ва суръати ҳаракати он бо қувваи ҷозиба, ничунин бо қувваи фитори рӯшноӣ, қуллаҳои электромагнитӣ, муқовимати муҳит, ки дар он ҳаракат ба амал меояд, қувваҳои мадду ҷазр, қувваҳои реактивӣ (дар мавриди ҳаракати ядрои кометаҳо) ва ғ. муайян мешаванд. …

Муфассал »

Шаҳри Мадоин

МАДОИН (юнонӣ Ktesiphon, Тайсафун), шаҳри қадим дар соҳили дарёи Даҷла (наздикии ш. Бағдод дар Ироқ) Аз асри 1 то м. то аввали асри 3 м. қароргоҳи зимистонаи подшоҳони ашконӣ буд. Аз асри 2 м. Мадоинро римиён якчанд маротиба ишғол намудаанд. Аз соли 226/227 м. ба пойтахти давлати Сосониён ва яке …

Муфассал »

Деҳаи Мордова дар ноҳияи Панҷакент

МАДОВРА, деҳа дар С. қ. Рӯдакии pайони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Терр. колхози ба номи Рӯдакӣ. Аз Мадовра то маркази С. қ. 8 км, то район 66 км. Аҳолиаш 264 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ҳаштсола, магазин ва осиёб дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва тамокукорӣ. Заминҳо аз дарёи Уреч …

Муфассал »