Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МАДРАСАИ МИРИ АРАБ

МАДРАСАИ МИРИ АРАБ

МАДРАСАИ МИРИ АРАБ, ёдгории меъмории асри 16 дар Бухоро. Дар рӯбарӯи Масҷиди Калон, бо саъйи шайх Абдуллоҳи Яманӣ (лақабаш Мири Араб, аз ин рӯ чунин ном гирифтааст) бино шуд. Сохтмонаш солҳои 1535—36 анҷом ёфт. Бандубасташ анъанавист — аз ду толори мӯҳташами гунбазпӯш (дарсхонаву масҷид), чор айвони барҳаво ва қатори ҳуҷраҳои …

Муфассал »

МАДРАСАИ КӮҲНА

МАДРАСАИ КӮҲНА

МАДРАСАИ КӮҲНА, ёдгории меъмории асри 18 ва аввали асри 19 дар ноҳияи Ҳисор. Дар самти ҷануби Қалъаи Ҳисор аз хишти пухта бино ёфтааст. Ҳавлии васеъ ва чоркунҷаи онро ҳуҷраҳои қатор иҳота кардаанд. Ҳуҷраҳо бо гунбазҳои «балхӣ» пӯшида шудаанд. Даромадгоҳи онҳо оддӣ ва тоқшакланд. Дар се кунҷи ҳавлӣ равоқтоқҳои панҷқира бино …

Муфассал »

МАДРАСАИ КӮКАЛТОШ ДАР ШАҲРИ ТОШКЕНТ

МАДРАСАИ КӮКАЛТОШ

МАДРАСАИ КӮКАЛТОШ, ёдгории меъморӣ дар Тошкент, Солҳои 50 асри 16 дар аҳди Бароқхон бнио ёфтааст. Дар қисми шаҳристон рӯ ба майдони Чорсу (ҳоло Охунбобоев) воқеъ аст. Ба Мадрасаи Кӯкалтош Бухоро қаробат доштанаш аp он шаҳодат медиҳад, ки дар сохтмони ин ансамбл меъморони бухороӣ иштирок доштаанд. Баландии умумии ин мадрасаи дуқабата …

Муфассал »

МАДРАСАИ КӮКАЛТОШ ДАР ШАҲРИ БУХОРО

МАДРАСАИ КӮКАЛТОШ

МАДРАСАИ КӮКАЛТОШ – ёдгории меъмории асри 16 дар Бухоро. Аз бузургтарин мадрасаҳои дуқабатаи Бухорост. Солҳои 1568—69 таҳти раёсати яке аз мансабдорони дарбори Абдуллоҳхон — Қулбобои Кӯкалтошӣ сохта шудааст. Шакли боҳашаму ороишоти пурдабдаба дорад. Бандубасташ мураккаб ва мукаммал аст. Мадрасаи Кӯкалтош дорои 160 ҳуҷра, дарсхонаву масҷид ва даҳлези барҳавост. Намои асосии Мадраса …

Муфассал »

МАДРАСАИ АБДУЛЛОҲХОН

МАДРАСАИ АБДУЛЛОҲХОН

МАДРАСАИ АБДУЛЛОҲХОН (қош мадраса), ёдгории меъмории асри 16 дар Бухоро. Солҳои 1588—90 дар аҳди Абдуллоҳхони 11 сохта шудааст. Дар рӯ ба рӯи мадрасаи Модари хон ҷойгир аст. Бандубасташ аз дигар мадрасаҳои анъанавӣ фарқ мекунад. Атрофи ҳавлиро ҳуҷраҳои дуқабата ишғол кардаанд. Ду пештоқ дорад. Пештоқи калон, ки рӯ ба ҷануб аст, …

Муфассал »