Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдӣ Мирзосафари Бухороӣ

Абдӣ Мирзосафари Бухороӣ (соли таваллуд номаълум – вафоташ 1886), шоири тоҷик.  Дар «Тазкират-уш-шуаро»-и Мӯҳтарам чун фозилу донишманд, воқиф аз улуми мутадовилаи замон, бедилхон ва бедилфаҳм, муаммодон тавсиф шудааст. Хати хуб доштааст. Аз ин ҷост, ки дар дарбори амир Абдулаҳадхон чун муншӣ хидмат мекард.  Дар сарчашмаҳо аз де­вон доштанаш иттилоъ надодаанд. …

Муфассал »

Абдӣ Мирзоабдуллоҳ

Абдӣ Мирзоабдуллоҳи Самарқандӣ (соли таваллуд, ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик. Зодгоҳаш деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ. Пас аз касби камол ба Самарқанд рафт ва муқими он шаҳр шуд, Дар замони салтанати Умархон (ҳукмрониаш 1809 – 1822) ба хидмати дарбори ӯ омад ва дар мансаби надимӣ хидмат мекард. Донишманди фо­зил ҳозирҷавобу базлагӯй …

Муфассал »

Абдӣ Абдуллоҳхоҷа

Абдӣ Абдуллоҳхоҷа (1870, Бухоро – 1922, ҳамон ҷо), тазкиранигор ва шоири тоҷик. Аз оилаи шахси фозилу донишманд, мудариси мадрасаи Искандархони Бухоро Мухторхоҷа. Ин шахе дар вилоятҳои гуногуни Аморати Бухоро машғули корҳои давлатӣ буд. Абдӣ таҳсили ибтидоиро дар назди падараш гирифт ва баъдан таҳсилро дар мадрасаҳои Бухоро идома дод. Баъд аз …

Муфассал »

Абдии Кобулӣ

Абдии Кобулӣ Абдуллоҳхоҷа (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Шахси таҳсил карда ва донишманд будааст. Тазкиранависи тоҷик Мутрибӣ соли 1587 дар Бухоро ба мулозимати ӯ расида, муддате дар манзилаш зистааст. Абдии Кобулӣ нисбат ба Мутрибӣ ҳакки устодӣ дошта, ӯро барои ҷавоб гуфтан ба як қасидаи Осафии Хиравӣ …

Муфассал »

Абдии Исфаҳонӣ Мирабдуллоҳ

Абдии Исфаҳонӣ Мирабдуллоҳ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шо­ири эронӣ (асри 16). Писари шоир Му­ҳаммадалии Табъии Исфаҳонӣ. Дар зодгоҳаш – Исфаҳон таҳсил намуда, илмҳои замонашро аз худ кард. Дар синни камолот ба хидмати дар­бори Сафавиён дохил шуд. Шоири ғазал саро буд. Инчунин ба қалами ӯ маснавии «Одам ва Пари» мансуб …

Муфассал »