Абдӣ Мирзосафари Бухороӣ (соли таваллуд номаълум – вафоташ 1886), шоири тоҷик. Дар «Тазкират-уш-шуаро»-и Мӯҳтарам чун фозилу донишманд, воқиф аз улуми мутадовилаи замон, бедилхон ва бедилфаҳм, муаммодон тавсиф шудааст.
Хати хуб доштааст. Аз ин ҷост, ки дар дарбори амир Абдулаҳадхон чун муншӣ хидмат мекард. Дар сарчашмаҳо аз девон доштанаш иттилоъ надодаанд. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳову баёзҳо сабт гардидаанд.
Ад.: Тазкират- ут-шуарои Мӯҳтарам, Д., 1975.