Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдулов Назарбек

Абдулов Назарбек (таваллудаш 23. 2. 1947, деҳаи Вомари ноҳияи Рӯшон), адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (2009). Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии Институти давлатии педагогии Душанбе (1969). Омӯзгори фанни забони франсавӣ дар УДТ (1969 – 1979), тарҷумон дар Алҷазоир (1979 – 1983), мудири кафедраи забони лотинии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (1984 – …

Муфассал »

Абдол Султон

Абдол Султон, Абдумалик (таваллудаш номаълум – вафоташ 1580, Ҳисор), яке аз салотини Шайбониён, фарзанди Аб­дуллатифхон ва набераи Кӯкунчихон.Абдол Султон дар аҳди Искандархон (1561 – 1583) ҳокими Зомин будааст. Вай дар талошҳои худ барои касби тахту тоҷ аз рақибонаш шикаст хӯрда, ба Кӯҳистон ва аз он ҷо ба Ҳисори Шодмон рафт …

Муфассал »

Абдол

abdol

Абдол (аз арабӣ ҷойнишин, ивазкунанда, халифа), як зинаи силсилаи маротиби машоихи суфия, ки аз ҳафт тан орифони поку нексиришт иборатанд. Тибқи иттилои муҳаққиқи Эронӣ Абдулҳусайни Зарринкӯб, бузургони суфия, ки иборат аз 356 нафар мебошанд, аз рӯи мақому манзалати ишғолкардаашон дар маърифати тасаввуфӯ силсилаи маротиберо ташкил медиҳанд, ки дар он қутб …

Муфассал »

Абдол Бобо Алишоҳи Ироқӣ

Абдол Бобо Алишоҳи Ироқӣ (с.оли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 15). Бо номи Алиф Абдол машҳур буда, бо тахалллусаш «Мутеӣ» низ шеър месурудааст. Мувофиқи маълумоти Ризоқулихони Ҳидоят (тазкираи «Равзат-ус-сафо») Абдол шахси озодманиш буда, бо мансабдорон ва ҳукмронони замонаш душманӣ доштааст ва онҳоро сахт танқид мекардааст. Ашъораш, ки ба …

Муфассал »

Абдол

Абдол (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 16). Дар зодгоҳаш – шаҳри Балхи Афғонистон таҳсил карда ба камол расидааст. Сипас ба мақсади  сайру сафар ба Озарбоҷон ба дарбори ҳукмронони он ҷо роҳ ёфт. Пас аз муддате ба Исфаҳон рафт ва ба хидмати Исмоили Сафавӣ (ҳукмрониаш 1501 -1524)дохил шуд. …

Муфассал »