Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдулазизи Махсум

Абдулазизи Махсум (соли таваллуд ва вафоташ намаълум), ҳофиз, навозанда, шоир ва мусиқидони машҳури тоҷик (асри 19). Зодгоҳаш Бухоро, дар ҳамон ҷо аз олам гузаштааст, Ӯ аз ҷавонӣ ба омӯхтани санъати сарояндагӣ ва навозандагӣ пардохта, ба дараҷаи устодӣ расидааст. Барои такмили пешаи овозхонӣ, сознавозӣ, фарогирии қавонини шеърию мусиқӣ назди Аҳмади Дониш, …

Муфассал »

Абдулазизи Мароға

Абдулазизи Мароғаӣ Нуриддин ибни Абдураҳмон ( соли таваллуд вафоташ номаълум), оҳангсоз, сароянда, навозанда ва мусиқишиноси форсу тоҷик (нимаи дуюми асри 15-аввали асри 16). Дар деҳаи Нойини вилояти Исфаҳон таваллуд шуда, дар Исфаҳон фавтидааст. Набераи устоди бузурги мусиқӣ Абдулқодири Гӯянда. Асосҳои илмию амалии мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Аз ҷавонӣ дар сурудхонӣ, …

Муфассал »

Абдулазиз Маҳдум

Абдулазиз  Маҳдум (соли таваллуд ва вафоташ номаълум ), хаттоти тоҷик (охири асри 19-ибтидои асри 20). Зодгоҳаш Бухоро. Абдулазиз  Маҳдум дар хаттотӣ услуби хос дошта, шумораи асарҳои китобаткардааш ба 100 мерасад. Китоби «Ал-фавоид- уз-зиёия»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ аз беҳтарин намунаҳои хаттотии Абдулазиз Маҳмуд мебошад, ки дар Ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносии А И …

Муфассал »

Абдулазиз ибни Шарафуддин

Абдулазиз ибни Шарафуддин соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳунарманд ва рехтагари тоҷик (охири асри 14 – ибтидои асри 15). Дар дарбори Амир Темур (ҳукмрониаш 1370 -1405) зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз амали Абдулазиз то замони мо осори кам расидааст. Намунаи машҳури ҳунари ӯ деги калонест, ки соли 1399 аз хулаи …

Муфассал »

Абдулазиз ибни Абдулваҳоб

Абдулазиз ибни Абдулваҳоб (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусаввир ва хаттоти тоҷик (асри 16). Бино ба маълумоти муаллифи китоби «Гулистони ҳунар» Қозӣ Аҳмад Абдулазиз аслан аз Кошон будааст. Маҳсули ҳунарашро ба шоҳ Таҳмосби Сафавӣ (ҳукмрониаш 1524 -1576) бахшида, асосан дар китобхонаи ин шоҳ ба мусаввирӣ машғул бу­дааст. Тибқи баъзе аз …

Муфассал »