Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдуллаев Аҳмад

Абдуллаев Аҳмад (таваллудаш 15. 3. 1936, деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсуни Ӯзбекистон), адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1984). Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (1957). Муаллими мактаби миёна дар Бойсун (1957 -1959), аспиранти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1959 – 1962), ходими илмии ИЗА ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1962 – 1988), профессори …

Муфассал »

Абдуллоев Абдуманон

Абдуллоев Абдуманон (таваллудаш 17. 12. 1950, Конибодом), физиолог- биохимик, доктори илмҳои биология (1994), профессор (2007), Узви вобастаи АИ (2008). Хатмкардаи факултети химияи УДТ (1975). Фаъолияти меҳнатиаш аз кори омӯзгорӣ дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 3 ноҳияи Ҷиргатол оғоз гардидааст. Сипас дар заводи химиявии ноҳияи Исфара кор кар­дааст. Аспирант (1975 – …

Муфассал »

Абдуллогӣ

abdullogi

Абдуллогӣ, навъе аз зардолуҳои маҳаллӣ. Дарахташ зудсабз (то 10-12 м қад мекашад), сербар, танааш ғафс (қутраш 120 — 130 см), навдаҳояш сурхтоб. Баргаш (ҳаҷмаш 45×36 мм) дилшакли нӯгтез, дандонадор, туртури сабз. Аввали апрел гул мекунад. Мевааш лунда (вазнаш 35-40 г), зарди норинҷӣ, пӯсташ ғафси пашмакдор, хамирак ва сергушт. Донакаш калон- …

Муфассал »

Абдулло Ҷин

Абдулло Ҷин кошикори тоҷик (асрҳои 19 – 20). Ҳавлии сангини Хева, Мақбараи Паҳлавон Маҳмуд ва деворҳои дохилӣ ва берунии Арки Кӯҳна (қабулхона ва масҷиди айвондор)-ро кошикорӣ кардааст. Дар кошикорӣ услуби хос дошт. Нақшҳои «гирех» ва «сӯзана»-и дар кошикорӣ истифодабурдаи ӯ ҷолиби диққатанд.

Муфассал »

Абдулло Мирзо

Абдулло Мирзо (1433 – 1451), ҳокими вилояти Форс дар Мовароуннаҳр (1450-1451). Аз сулолаи Темуриён. Фарзанди хурдии Иброҳим Мирзо, додари Улуғбек. Баъд аз вафоти падараш ҳокими вилояти Форс таъйин гардид. Аз сабаби ноболиғ будани Абдулло Мирзо модараш Руқиябегим дар вилоят ҳукмронӣ мекард. Соли 1447 баъд аз вилояти Форсро гирифтани амакбаччааш Султон …

Муфассал »