Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдуллоҳ ибни Аббос

Абдуллоҳ ибни Аббос ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим ибни Абдуманоф (619 – 687), аз муҳаддисон ва муфассирони аввалӣ. Писа­ри амаки Пайғамбар (с), кунияташ Абулаббос, лақабаш «Ҳабрулуммат» (Донишманди уммат). Авлод ва хулафои Аббосиён аз насли Абдуллоҳ мебошанд. Абдуллоҳ ҳангоми вафоти Пайғамбар (с) 13-сола буд, вале бо вуҷуди ин аз ӯ ҳадисҳои бисёре …

Муфассал »

Абдуллоҳ

Абдуллоҳ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (охири асри 15 – ибтидои асри 16). Дар зодгоҳаш – шаҳри Ҷом таҳсил карда, ба шеъргӯӣ оғоз намуд ва чун шоири тавоно шӯҳратманд гардид. Аз истеъдоди баланди ӯ дар эҷоди газалу рубоӣ ва маснавӣ Алишери Навоӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис» иттилоъ додааст. Ба «Шоҳнома»-и …

Муфассал »

Абдуллохӯҷаев Закӣ

Абдуллохӯҷаев Закӣ Ёқубович (12.2.1929, Хуҷанд-25.2.1991,Душан­бе), духтури бемори-хоисироятӣ, докто­ри илми тиб (1967), профессор (1969). Хатм­кардаи факултети педиатрии Институти дав­латии таббии Тоҷикистон (ИДТТ) ба номи Абуалӣ ибни Сино (1950). Солҳои 1955 – 1960 ассистент ва дотсенти кафедраи бемориҳои сироятии ИДТТ, 1967 – 1968 ҷонишини дирек­тор оид ба корҳои илмии Институти эпи­демиология ва …

Муфассал »

Деҳаи Абдуллообод

Абдуллообод, деҳа дар ҷамоати деҳоти Дӯстӣ (тобеи шаҳри Ваҳдат). Аз Абдуллоев то маркази шаҳр 12 км; роҳ ав- томобилгард. Аҳолиаш 727 нафар (2009), тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Абдуллозода Хуршед

abdullozoda-xurshed

Абдуллозода Хуршед Файзуллоевич (таваллудаш 25. 9. 1940. Хуҷанд), доктори илми таърих (1990), профессори (1991). Факултети физикаи Институти педаго­гии Хуҷандро хатм кардааст (1963). Хидмат дар Армияи Советӣ (1963 – 1965), солҳои 1965 – 1990 лаборанти калон, ходими хурд, ходим ва ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи астрофизикаи АИ Тоҷикистон буд. Аз соли 1991 …

Муфассал »