Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдуллоҳи Муншӣ

abdullohi-munshi

Абдуллоҳи Муншӣ ибни Абдулқодир (1796, Малакка – 1854, Макка), нависандаи маорифпарвари Малая ва Индонезия, асосгузори насри бадеӣ ба забони малайӣ. Муншии дарбори ҳукмрони давраш буд. Абдуллоҳи Муншӣ нахустин адиби Малая аст, ки бо маданияти Ғарб шиносоӣ дошта, онро тарғиб кардааст. Ба қалами Абдуллоҳи Муншӣ асарҳои ёддоштию публитсистии «Ҳикоёти Абдуллоҳ» (1849), …

Муфассал »

Абдуллоҳи Маҳнаӣ

Абдуллоҳи Маҳнаӣ (с.оли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Пас аз касби камол ба доираи адабии шаҳри Ҳирот ворид гардид ва ҳамон ҷо ба кори эҷодӣ машғул буд. Аз завқу табъи баландаш дар шеъру шоирй тазкиранигорон Навой («Мацолис– ун-нафоис») ва Нисорӣ («Музаккир– ул-аҳбоб») дарак додаанд. Абдуллоҳи Маҳнаӣ дар …

Муфассал »

Абдуллоҳи Марворид

Абдуллоҳи Марворид Хоҷа Шиҳобуддин (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 1516, Ҳирот), шоир, донишманд, муншӣ, мусиқидон ва оҳангсози форс- тоҷик. Бо тахаллусаш «Баёнӣ» шеър менавишт. Аз шогирдони Абдурраҳмони Ҷомӣ буд. Дар оилаи вазир ба дунё омада, пас аз касби камол пешаи авлоди худро идома дод. Дар дарбори Ҳусайн Бойқаро мӯҳрдор, вазир, …

Муфассал »

Абдуллоҳи Кулол

Абдуллоҳи Кулол (1815, Риштон -1900), кулол ва кошикори тоҷик. Дар Риштон ва Қӯқанд кор кардааст. Сарвари кулолгарони Фарғона буд. Солҳои 1967 – 1973 дар кошикории на­мои қароргоҳи Худоёрхон (ҳозираи Му­зейи кишваршиносии Қӯқанд) иштирок кардааст. Намунаҳои ҳунари Абдуллоҳи Кулол (зарфҳои кулолӣ) дар Музейи давлатии санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Музейи кишваршиносии Қӯқанд …

Муфассал »

Абдуллоҳи Котиб

Абдуллоҳи Котиб (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти тоҷик (асри 19). Дар Бухоро зистааст. Падараш бо номи Авазбадал Котиби Балхӣ машҳур буд. То замони мо аз Абдуллоҳи Котиб осори бисёри хаттотӣ расидааст. Ӯ «Воқеоти Ҳисомӣ»-и Ҳисомуддин Умари Бухороӣ (1820), «Шарқ-ул- фусул»-и Рукнуддини Шерозӣ (1821), «Чаҳор унсур»-и Бедил (1824), «Ан­вори Суҳайлӣ»-и …

Муфассал »