Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдураҳмонов Муин

Абдураҳмонов Муин Камолович (таваллудаш 30. 11. 1933, Бухоро), акушер-гинеколог, доктори илмҳои тиб (1971), профессор (1990), Аълочии тандурустии СССР. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Сталинобод (1951) ва факултети тибби ҳарбии До­нишкадаи давлатии тиббии шаҳри Куйбишеви Федератсияи Россия (1957). Духтури ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Демок­ратии Германия (1958 – 1959). Аспиран­ти Институти тибби кишварии АИ …

Муфассал »

Абдураҳмонов Гурез

Абдураҳмонов Гурез (1915, Ёвон – 2. 2. 1974. собиқ ноҳияи Куйбишеви вилояти Хатлон), сарояндаи тоҷик, Коркуни хизматнишондодаи мада­нияти РСС Тоҷикистон (1971). Иштирокчии ҶБВ (1941 – 1945). Санъати сарояндагиро худомӯзӣ карда, сипас яке аз пайравони услуби Ҷӯраев Шариф гарди­дааст. Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш узви бисёр дастаҳои ҳаваскорони санъат ва роҳбари клубу …

Муфассал »

Абдураҳмонов Аскар

Абдураҳмонов Аскар (таваллудаш  15 3.1937, деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон), санъатшинос, профессор (1993), Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1991). Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Москва (1960). Муддате дар театри мусиқию мазҳакавии вилоятии шаҳри Хуҷанд ва Театри давла­тии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ чун актёр …

Муфассал »

Деҳаи Абдураҳмони Ҷомӣ дар вилояти Хатлон

dehai-abdurahmoni-jomi-dar-viloyati-xatlon

Абдураҳмони Ҷомӣ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон. Аз Абдураҳмон то маркази ноҳия 25 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4102 нафар (2009), тоҷикон. Деҳа дорои гимназия, 3 дорухона, дармонгоҳ, беморхона, китобхона, кохи фарҳанг, нуқтаҳои хизмати маишӣ, боғчаи кӯдакон, ошхона, нуқта­ҳои савдои хусусӣ мебошад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ …

Муфассал »

Деҳаи Абдураҳмони Ҷомӣ

dehai-abdurahmoni-jomi

Абдураҳмони Ҷомӣ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Тӯғалони ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон. Аз деҳа то маркази ноҳия 5 км, то маркази вилоят 30 км; роҳ асфалтпғш. Аҳолиаш 2728 нафар (2009), тоҷикон. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, марказӣ саломатӣ, китобхона, 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: растанипарварӣ, сабзавоткорӣ. Заминҳо аз …

Муфассал »