Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СЕЗОБ

СЕЗОБ (Veroniса), ҷинси гиёҳҳои як-ду ё бисёрсола ва баъзан ҷинси нимбуттаест аз оилаи астармолаиҳо. Баргаш гуногуншакл (нештаршакл, дарозрӯя ва ғайра), гулаш кабуд, нилгун, гулобӣ ё сафед, баъзан зард. Ғӯзааш дупалла (ҳар паллааш аз 1 то 12-то тухм дорад). Дар Тоҷикистон 25 намуди Сезоб ҳаст. Намудҳои эфемерӣ ё кӯтоҳнашви С. (V. …

Муфассал »

СЕДОВ Леонид Иванович

СЕДОВ Леонид Иванович (таваллудаш 14. 11. 1907, Ростови Дон), олими советӣ дар соҳаи механика ва математикаи амалӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1953;  аъзо-карреспондент 1946). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1967). Баъди хатми университети давлатии Москва (1930) дар Институти аэрогидродинамикаи Марказӣ (1930—1947) кор кард, аз соли 1937 профессор Университети давлатии Москва. Дар айни …

Муфассал »

СЕГРЕ Эмилио

СЕГРЕ (Segre) Эмилио (таваллудаш 01. 02. 1905, Тиволи назди Рим), физик- экепериментатор. Университети Римро хатм намудааст (1928). Дар университетҳои Рим (1930—1936), Палермо (1936—1938), аз соли 1938 дар Университети Калифорния (аз соли 1946 профессор) ва солҳои 1943—1946 дар Лабораторияи миллии Лос-Аламоси Штатҳои Муттаҳидаи Амрико кор кардааст. Солҳои 1934—1936 бо гурӯҳи Э. …

Муфассал »

СЕДОВ Георгий Яковлевич

СЕДОВ Георгий Яковлевич (05. 05. 1877, деҳаи Кривая Коса, ҳоло посёлкаи Седовои вилояти Донески Республикаи Советӣ Сотсиалистии Украина—05.03.1914), сайёҳи рус, тадқиқотчии Арктика. Дар оилаи моҳигир таваллуд ёфтааст. Соли 1898 мактаби барнавардии Ростови Донро хатм намуда, соҳиби рутбаи штурмани дуршино гардид. Солҳои 1902—1903 дар экспедитсияи гидрографии уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ иштирок намуд. …

Муфассал »

СЕГОҲ

СЕГОҲ 1) шӯъбаест дар мақоми « Ҳиҷоэ» ва овозаи «Гавашт»-и «Дувоздаҳмақом». 2) Оҳанге, ки аз пардаи (лаҳни) сеюм ибтидо меёбад. 3) Номи мақоми панҷуми «Шашмақом». Сегоҳ аз қисми созӣ ва овозӣ иборат буда, қисми овозиаш ду шӯъба дорад. Қисми созии Сегоҳ  дорои 8 оҳанг («Таснифи Сегоҳ», «Тарҷеъи Сегоҳ», «Хафифи Сегоҳ», «Гардуни …

Муфассал »