Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЕЗОБ

СЕЗОБ

СЕЗОБ (Veroniса), ҷинси гиёҳҳои як-ду ё бисёрсола ва баъзан ҷинси нимбуттаест аз оилаи астармолаиҳо. Баргаш гуногуншакл (нештаршакл, дарозрӯя ва ғайра), гулаш кабуд, нилгун, гулобӣ ё сафед, баъзан зард. Ғӯзааш дупалла (ҳар паллааш аз 1 то 12-то тухм дорад). Дар Тоҷикистон 25 намуди Сезоб ҳаст. Намудҳои эфемерӣ ё кӯтоҳнашви С. (V. bucharicа, V. реrsica, V. Argute- serrata, V. Ramosissima  ва дигар) дар адирҳо, нишебиҳои регу санглох, заминҳои бекорхобидаву киштзор (аз ҳамворӣ то минтақаи миёнакуҳ), Сезоби бисёрсола дар ҷойҳои шибарзамин, шолизор, соҳили кӯлу дарёҳо (аз доманакӯҳ то баландкӯҳ) ва намудҳои нимбуттаи Сезоб дар нишебиҳои санглохи баландкӯҳи реопублика месабзанд.

С. Юнусов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …