Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СЕМЁНОВ-ТЯН-ШАНСКИЙ Пётр Петрович

СЕМЁНОВ–ТЯН–ШАНСКИЙ (то 1906—Семёнов) Пётр Петрович (14. 01. 1827, наздикии деҳаи Урусово, ҳоло райони Чаплигини вилояти Липеск — 11. 03. 1914, Петербург), географи рус, статистик, ходими ҷамъиятӣ, аъзои фахрии Академияи Фанҳои Петербург (1873). Ноиб-раиси Ҷамъияти географии рус (1873—1914). Аъзои Совети давлатӣ (1897). Соли 1848 шӯъбаи табиатшиносии Университети Петербургро хатм карда, аз …

Муфассал »

СЕМАШКО Николай Александрович

СЕМАШКО Николай Александрович (20. 09. 1874, деҳаи Ливени уезди Елеци губернияи Орлов—18. 05. 1949, Москва), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, яке аз ташкилотчиёни нигаҳдррни тандурустии советӣ, академики Академияи Илмҳои Тоҷикистон СССР (1944) ва АФП Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия (1945). Аз оилаи муаллим. Аъзои Партияи Коммунистӣ аз соли 1893. Соли …

Муфассал »

СЕМАФОР

СЕМАФОР (аз юнонӣ sema — аломат, сигнал ва phoros — ҳомил), 1) олати сигналдиҳандаи доимиест дар роҳи оҳан. Дар сутуни Семафор белчаҳои мутаҳаррике шинонда шудаанд, ки бо тағйир додани мавқеи онҳо ба машинисти поезд ин ё он сигнал дода мешавад. 2) Семафори баҳрӣ (дарёӣ) ба сутуни салибмонанди назди соҳил насб …

Муфассал »

СЕМАСИОЛОГИЯ

СЕМАСИОЛОГИЯ (аз юнонӣ semasia — маъно ва …логия), як қисми асосии лексикология, ки маънои калимаҳоро меомӯзад. Семасиология калимаву ибораҳоеро тадқиқ мекунад, ки ба воситаи оиҳо ашёву ҳодисаҳо номбар шудаанд. Вазифаи Семасиология омӯхтани тамоми маъноҳои калима (сермаъноӣ, омоним, синоним ва антоним) ва муайян кардани тобишҳои маъноии он дар забон аст. Калима …

Муфассал »

СЕМАНТИКАИ МАНТИҚӢ

СЕМАНТИКАИ  МАНТИҚӢ (аз юнонӣ semanticos— ифодакунанда), як қисми мантиқро гӯянд, ки муносибати ифодаҳои забонӣ ва мазмуни мафҳуму муҳокимаҳои дар он истифодашударо меомӯзад. Маъмулан ҷиҳати маъноии калимаҳо, ки бо ёрии онҳо мафҳумҳо ва муҳокимаҳои гуногун дар Семантикаи мантиқӣ ифода меёбанд, тадқиқ карда мешавад. Семантикаи мантиқӣ асоси як қатор фаслҳои мантиқ, аз …

Муфассал »