Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СЕНТАВО

СЕНТАВО (испанӣ ва португалӣ сеntavo, айнан — аз сад як қисм, аз лотинӣ centum— сад), пули майдаи якчанд мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ (Аргентина, Бразилия, Боливия, Гватемала, Гондурас, Республикаи Домипикан, Колумбия, Куба, Мексика, Никарагуа, Перу, Салвадор, Эквадор) ва Португалияю Филиппин. Сентаво  1/100 ҳиссаи воҳиди миллии пули онҳост.

Муфассал »

СЕНСИТОМЕТРИЯ

СЕНСИТОМЕТРИЯ (аз лотинӣ sensitivus – ҳассос ва …метрия), як соҳаи метрологияи фотографиро гӯянд, ки нурҳиссӣ ва дигар хосиятҳои фотографии фотоматериалҳоро меомӯзад. Сенситометрия асосан солҳои 40 асри 19 ташаккул ёфта, сараввал бо ченкунии нурҳиссии фотоматериалҳо машғул буд (пайдоиши номаш ҳам аз ҳамин ҷост). Баъдтар соҳаҳои татбиқи Сенсимтометрия васеъ гардиданд (ҳозир усулҳои …

Муфассал »

СЕНЕГАЛ

СЕНЕГАЛ, Республикаи Сенегал (republicque du senegal), давлатест дар Африкаи Ғарбӣ. Масоҳаташ 196,2 ҳазор км2. Аҳолиаш қдриб 6 млн нафар (1983), волоф, серер, фулбе, тукудар ва ғайра. Забони расмӣ— франсавӣ. Аксари аҳолӣ мусулмонанд. Пойтахташ шаҳри Дакар. 7 вилоят дорад. Сардори давлат — президент. Органи олии қонунбарор — Маҷлиси миллӣ қисми зиёди …

Муфассал »

СЕН-СИМОН

СЕН–СИМОН (Saint Simon) Клод Анри де Рувруа  (17.10. 1760, Париж —19. 05. 1825, ҳамон ҷо), граф, мутафаккир, сотсиолог, сотсиалисти хаёлии франсавӣ. Сен – Симон чун офисери армияи франсави барои истиқлолияти мустамликаҳои Америкаи Шимолӣ дар ҷанги зидди Англия иштирок кардааст. Дар солҳои Револютсияи бузурги франсавӣ сарвати зиёд ғун кард, вале сонӣ …

Муфассал »

СЕНАТ

СЕНАТ, номи палатаҳои болоии парламентҳои аксар мамлакатҳои буржуазӣ (Белгия, Ирландия, Италия, Франсия, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Канада, Мексика, Бразилия, Малайзия, Туркия, Лесото, Либерия ва ғайра). Дар баъзе мамлакатҳо Сенат бо роҳи интихобот (Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Италия) ё зина ба зина (Франсия) ташкил шуда, дар баъзеи онҳо пурра (Канада, Иордания) ё қисман …

Муфассал »