Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

САДРИ ХУҶАНДӢ Садруддини Абдуллатиф ибни Собит

САДРИ ХУҶАНДӢ Садруддини Абдуллатиф ибни Собит (собит таваллудаш номаълум — вафоташ 1196), шоири форс-тоҷик. Авфии Бухороӣ дар «Лу- боб-ул-албоб» хислатҳои неки инсонии Садии Хуҷандиро ситоиш намуда, дар бораи шоирин ӯ менависад: «Ва бо ин ҳама фазоилу шамоил ӯро шеърест матбӯъ ва дар тозию порсӣ ва назму наср қудрати ӯ комил». …

Муфассал »

САДРИ ХИЁБОНӢ

САДРИ ХИЁБОНӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс- тоҷик (асри 16). Дар Хиёбон ном мавзеи шаҳри Табрез ба дунё омадааст. Илмҳои расмии замонашро омӯхтааст. Дар тазкираҳо ӯ чун ҳофизи Қуръон зикр гардидааст. Аз осори адабиаш намунаи каме дар тазкираҳо боқист. Ин байт аз ӯст: Қадат ниҳоли тубиву тубӣ равон …

Муфассал »

САДРИ САРИР Қозӣ Абдулвоҳид

САДРИ САРИР Қозӣ Абдулвоҳид (1809/10, Балх —25. 7. 1886, Бухоро), шоир, олим ва ходими сиёсии тоҷик. Таҳсили илмро дар зодгоҳаш cap карда, дар Бухоро идома дод ва тамоми илмҳои расмии замонро аз худ кард. Хусусан дар илми бадеъ, фалсафа, таърих, луғат, назария ва амалияи мусиқӣ яке аз номдорони замон гардид. …

Муфассал »

Журнали «САДОИ ШАРҚ»

«САДОИ ШАРҚ», журнали ҳармоҳаи адабӣ ва оммавию сиёсӣ, органи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон; дар заминаи журналҳои «Раҳбари дониш» (1927—1932) ва «Барои адабиёти сотсиалист» («БАС», 1932 —1937) ба вуҷуд омадааст. Январи 1938 унвони «Шарқн сурх»-ро гирифт. Соли 1938 танҳо се шумора (январ, феврал, март) баромада, аз апрели 1938 то июни 1940 чоп …

Муфассал »

Газетаи «САДОИ ФАРҒОНА»

newspapers

«САДОИ ФАРҒОНА», газетаи пешазреволютсиониест, ки равияи ҷадидӣ дошт ва афкори зиёиёни маърифатпарвар ва тоҷирони водии Фарғонаро ифода мекард. Муассис, ношир ва муҳаррираш Обидҷон Маҳмудов буд. Чопи «Садои Фарғона» 3 апрели 1914 cap шуда, ҳафтае се бор мебаромад. Ҳамагӣ 8 моҳ нашр шуд ва андаке бештар аз 100 шумора интишор гардид. …

Муфассал »