Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СЕТОР

СЕТОР, асбоби тории мусиқист, ки бо мизроб (нохунак) менавозанд. Косааш мурудшакл, аз чӯби тут ё чормағз сохта мешавад. Барои мавҷнокии садо сарпӯшро 5—6 сӯрохча мекунанд. Сетор дастаи дароз дорад, ки он бо пардаҳои диатоникӣ ҷудо карда шудааст (бо роҳи бастан). Шумораи онҳо 18—22 (асосан 18—19 пардаи асосӣ ва 3—4 пардаи …

Муфассал »

СЕССИЯ

СЕССИЯ (аз лотинӣ sessio — маҷлис), 1) давраи кори органи намояндагӣ, ташкилоти байналхалқӣ, конференсияи илмӣ ва ғайраро гӯянд. Дар СССР Сессия шакли асосии ташкилию ҳуқуқии фаъолияти Советҳои депутатҳои халқист. Шумораи ҳатмии ақаллият ва мӯҳлати даъвати Сессия мувофиқи Низомномаҳои Советҳои дахлдор ба тартиб андохта мешавад. Масалан, Советҳои навбатии Совети Олии СССР …

Муфассал »

«СЕСАМ»

«СЕСАМ» шешам 1) оҳанги қадимӣ, аз таснифоти Накисои Чангӣ. Сесамро бештар дар маросими киштукор иҷро мекардаанд. 2). Яке аз сурудҳои машҳури асрҳои 11—12, ки он дар ҳаёти мусиқии шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд мавқеи калон доштааст. 3) Шӯъбаи созӣ дар «Понздаҳмақом».

Муфассал »

СЕРТИФИКАТ

СЕРТИФИКАТ (франсавӣ sertificat, аз лотинӣ sertifico— тасдиқ мекунам), 1) ҳуҷҷатест, ки фактеро тасдиқ мекунад (масалан, Сертификат оид ба гардиши киштӣ дар баҳр, Сертификати тиббӣ оид ба эмкунӣ ҳангоми сафар ба ягон мамлакат ва ғайра). 2) Номгӯи облигатсияҳои махсуси заёмҳои давлатӣ, масалан, дар СССР Сертификати кассаҳои амонатии меҳнатии давлатӣ (1927). 3) …

Муфассал »

СЕРПОКРЫЛОВ Павел Яковлевич

СЕРПОКРЫЛОВ Павел Яковлевич (тав. 29. 11. 1918, райони Елан, вилояти Волгоград), коркуни давлатии советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1949). Аъзои КПСС аз соли 1943. Соли  1970 Институти хоҷагии қишлоқи  Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1930—1934 колхозчии колхози «Спартак», 1934—1939 коргар ва  тарозудори анбори ғаллаи Комбинати ордкашии №13-и райони Елан, 1939—1940 мудири анбори …

Муфассал »