Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИЁҲПӮЧОҚИ ВАХШ

СИЁҲПӮЧОҚИ  ВАХШ, тарбузи сиëҳпӯчоқ, як навъ тарбузи маҳаллиро гӯянд, ки пӯчоқаш сиёҳтоб  аст. Селексияи халқист. Мағзаш гулобии сурхтоб, хушбӯй, хуштаъм (7—10% қанд дорад). Навъи тарбузи серҳосил аст. Аз ҳар гектар то 500 тонн ҳосил медиҳад. Сиëҳпучоқи Bахширо асосан дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мекоранд. А. Холматов.

Муфассал »

СИЁҲОЛУ

СИЁҲОЛУ, як навъ олуи маҳаллиро гӯянд. Асосан дар районҳои шимоли Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон (вилояти Ленинобод) ва Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон мепарваранд. Сиëҳолу навъи серҳосил ва дерпаз аст. Ҳаҷми мевааш миёна, рангаш бунафши баланд, мағзаш зард, таъмаш вордон. Барои тархӯрӣ, хушкондан ва консерв истифода мебаранд.  Нигаред низ Олу. У. Эшонқулов.

Муфассал »

СИËҲЛОНӢ

oberyog-ot-sglaza-i-porchi-600x450

СИËҲЛОНӢ, кӯзмунчоқ, мӯҳраи сиёҳ ë сиëҳало, ки онро хурофотпарастон барои аз чашми бад эмин доштани худ ë фарзандашон истифода мебурданд. Сиëҳлонӣ дар замонҳои қадим аз сабаби оҷизии одам дар назди ҳодисаҳои табиат пайдо шудааст. Сиëҳлонӣ мудавваршакл буда, сӯрох ва холҳои сафед дорад. Одамон чандтои онро ба ресмон шадда карда, ба …

Муфассал »

СИЁҲЗАМИН

СИЁҲЗАМИН, сиëҳхок, як навъ хоки дашту бешадашти минтақаҳои иқлимашон мӯътадил ва хушкро гуянд. Сатҳи он (то чуқурии 20—50 см) порухоки хокистарии сиёҳтоб буда, рангаш тадриҷан кушод мешавад; поëнтар аз он ҷинсҳои кӯҳӣ ҷойгиранд. Сиëзамин дар сатҳи ҷинсҳои кӯҳӣ (ғайр аз рег) бештар дар сатҳи гилрегҳои зардчаву карбонатӣ ҳосил мегардад. Порухоки …

Муфассал »