Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИЁҲОЛУ

СИЁҲОЛУ

СИЁҲОЛУ, як навъ олуи маҳаллиро гӯянд. Асосан дар районҳои шимоли Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон (вилояти Ленинобод) ва Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон мепарваранд. Сиëҳолу навъи серҳосил ва дерпаз аст. Ҳаҷми мевааш миёна, рангаш бунафши баланд, мағзаш зард, таъмаш вордон. Барои тархӯрӣ, хушкондан ва консерв истифода мебаранд.  Нигаред низ Олу.

У. Эшонқулов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …