Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИЛВИН

СИЛВИН (аз Sylvius, номи лотинии табиб ва кимиёгари голландӣ Ф. Боэ), минералест аз синфи галогенидҳо. Таркиби химиявиаш КСl; 52,48% К, омехтаҳои бром, баъзан йод, инчунин галит (NаСl) ва оксиди оҳан (Fе2O3) дорад. Системаи кристаллбандиаш кубm. Кристаллҳояш камёфт. Силвин одатан, якҷоя бо галит, кариаллит ва ғайра агрегатҳои зичи донадор ҳосил мекунад …

Муфассал »

СИЛ

СИЛ, дарди ҷавонӣ, исқоқ, диқ, сулол, як навъ бемории сирояткунандаи одам  ва ҳайвонотро гӯянд, ки намудҳои гуногуни микобактерияҳо ба вуҷуд меоранд. Сили одамро илми фтизиатрия (силшиносӣ) меомӯзад. Дар бораи паҳншавӣ, сироят, аломат вз тарзи муолиҷаю пешгирии Сил дар асарҳои Абӯалӣ нбни Сино, Исмоили Ҷурҷонӣ ва дигар табибони тоҷик маълумоти фаровон …

Муфассал »

СИКХҲО

СИКХҲО, пайравони сикхизм. Аксари Сикхҳо дар Панҷоби Ҳиндустон, гурӯҳҳои алоҳидаи онҳо дар ноҳияҳои дигари Ҳиндустон (асосан дар шаҳрҳои калон) низ зиндагӣ мекунанд. Дар мамлакатҳои Осиёи Ҷануби Шарқӣ, Африка, ҷазираи Фиҷӣ ва ғайра низ Сикхҳо иқомат доранд. Шумораашон тақрибан 10,4 миллион нафар.

Муфассал »

СИКХИЗМ

СИКХИЗМ (аз санскрит сикх-шогирд), мазҳабест дар индуия, ки баъзан ҳамчун дини мустақил амал карда, асосан дар Панҷоб интишоор ёфтааст. Асосгузори он гуру (мураббӣ) Нанак (1469—1539). Сикхизм таълимоти монотеистӣ буда, аз тасаввуф низ истифода бурдааст. Сикхизм яккахудоиро талқин намуда ба тақсимоин кастагӣ муқобил мебарояд, баробарии сикхҳоро дар назди худо эътироф мекунад …

Муфассал »