Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИЛХРОМ

СИЛХРОМ (аз лотинӣ silicium— силисий ва сhromium— хром), як навъ пӯлоди хрому силисийдори ба гармӣ тобоварандаро номанд. Намуди бештар маъмули Силхром хӯлаи оҳани 0,4% карбон 9%, хром ва 2% силисийдор мебошад. Силхромро барои тайёр кардани клапани муҳаррикҳои поршенӣ ва деталҳои таҷҳизоти печӣ истифода мебаранд.

Муфассал »

СИЛУМИН

silumin-jpg

СИЛУМИН (аз лотинӣ Silcium — силиcий ва Аluminium — алюминий), номи муштараки гурӯҳи хӯлаҳои рехтагарӣ дар асоси алюминий, ки таркибаш аз 4—13 то 23% силисий дорад. Силумин ба хосиятҳоя хуби рехтагарӣ ва механикӣ соҳиб аст (аз ин рӯ фақат хӯлаҳои системаи Аl—Сu  бартарӣ доранд). Силуминро барои сохтани деталҳои автомобилу самолётҳо …

Муфассал »

СИЛУР

  СИЛУР, давраи (системаи) сидур, давраи сеюми эраи палеозой дар таърихи геологии Замин. Силур аз номи қабилаи силурҳо, ки замоне дар Уэлс (Англия) зиндагӣ кардаанд, гирифта шудааст. Силур дар шкалаи геохронологӣ баъди давраи ордовик ва пеш аз давраи девон омада, бо аломати S ишора мешавад. Бо усули радиологӣ муайян шудааст, …

Муфассал »

«СИЛСИЛАТ-УС-САЛОТИН»

«СИЛСИЛАТ–УС–САЛОТИН»  асари таърихии Ҳоҷӣ Мирмуҳаммад Салим, ки соли 1730 ба забони тоҷикӣ таълиф гардидааст. Номи дигараш «Ҷавоҳир –ул – таворих» мебошад. Асар воқеаҳои зиёди дарбор ва кашмакашу ҷанҷолҳои байнихудии хонҳои сулолаи Аштархониён, муносибати ин сулола бо давлатҳои ҳамсоя (махсусан Эрону Ҳиндустон), хонҳои қазоқ ва Хоразм, ҷабру исисмор нисбат ба аҳолии …

Муфассал »

СИЛСИЛАИ СТАНСИЯҲОИ ЭЛЕКТРИИ ОБӢ

СИЛСИЛАИ СТАНСИЯҲОИ ЭЛЕКТРИИ ОБӢ, як гурӯҳ стансияҳои электрии обиро гӯянд, ки қад-қади маҷрои дарë паи ҳам сохта шуда, режими ягонаи хоҷагии об доранд. Сохтани Стансия ба пурра истифода бурдани захираи энергетикии дарë, баланд бардоштани дараҷаи танзими миқдори об имконият медиҳад, ки ин ба зиёд шудани иқтидори Гидро Электро Стонсия ва …

Муфассал »