Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИНАНТРОП

СИНАНТРОП (аз лотинӣ Sina-Хитой ва юнонӣ anthrops — одам), намояндаи қадимтарин одамони ҳафриётие, ки боқимондаҳои скелети он аввалин маротиба солҳои 20 асри 20 аз ғори Коустанги наздикии стансияи роҳи оҳан Чжоукоудян, тақрибан 45 км ҷануби ғарбии Пекин ëфт шудааст. Боқимондаи косахонаи сар, ҷоғи поëн, устухонҳои узвҳои бадан ва дандонҳои зиëда …

Муфассал »

СИНГАЛИҲО

СИНГАЛИҲО, миллат, аҳолии асосии ҷазира ва республикаи Шри -Ланка. Шумораашон 10530 ҳазор нафар (1978). Сингалиҳо аз ҷиҳати антропологӣ ба нажоди европоӣ ва халқҳои Ҳиндустони Шимолӣ мансубанд. Бо забони сингалӣ гап мезананд. Аксарашон буддода ва қисман масеҳиятро мепарастанд. Сингалиҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда дар ҳамвориҳою кӯҳдараҳо зиндагӣ мекунанд. Сингалиҳои кӯҳистониро …

Муфассал »

СИМФОНИЯ

СИМФОНИЯ (юнонӣ symphonia— ҳамоҳангӣ), асари мусиқӣ дар шакли сонатаҳои мусалсал, ки барои бо оркестри симфонӣ иҷро кардан эҷод мегардад; яке аз жанрҳои муҳими мусиқии симфонӣ. Ба баъзе Симфонияҳо инчунин хор ва сарояндагони яккахон ҷалб карда мешаванд. Симфония барои оркестри торӣ, оркестри нафасӣ, оркестри созҳои халқӣ ва дигар ҳайатҳои мусиқӣ низ …

Муфассал »

СИН

СИН сини мӯҳмала (бенуқта), номи ҳарфи дувоздаҳуми алифбои арабӣ ва понздаҳуми алифбои арабӣ асоси тоҷикист, ки талаффузаш дар забони адабии имрӯзаи тоҷик ба ҳарфи С (эс) монанд аст. Ҳарфи син  аз ҳарфи «шин»-и алифбои финиқӣ (маънои луғавиаш «дандон», «қаторкӯҳ») пайдо шудааст. Қимати ададии Син дар ҳисоби абҷад ба 60 баробар …

Муфассал »

Шаҳри СИМФЕРОПОЛ

  СИМФЕРОПОЛ шаҳрест дар Республикаи Советӣ Сотсиалистии Украина, маркази вилояти Қрим. Дар соҳили дарëи Салгир воқеъ аст. Стансияи роҳи оҳан. Узели роҳҳои шоссе. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 326 ҳазор нафар (1984). Соҳаҳои асосии саноаташ: хӯрокворӣ (Консерв, вино, равғани эфир, гӯшту шир, тамоку), сабук (трикотаж, матоъҳои пахтагин, бофандагӣ, дӯзандагӣ, чарму пойафзол), мошинсозӣ …

Муфассал »