Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИПАР

seriya

СИПАР, дар геология, структураи бузурги барҷаста дар платформа, баръакси плита. Дар Ҳудуди Сипар ҷинсҳои кристаллии ниҳоят метаморфшудаи давраи токембрий (гранит, гнейс, варақсангҳои кристаллӣ), ки таҳкурсии платформаҳоро ташкил медиҳанд, ба рӯи Замин баромадаанд. Просесси бардошта шудани Сипар дуру дароз тӯл мекашад. Одатан рӯи Сипар табақаи таҳнишаст надорад. Таҳнишастҳои на чандон ғафс …

Муфассал »

СИПАР

СИПАР, дар биология, ташкилаи сахти мухзофизатиест, ки як қисм ё тамоми бадани баъзе ҳайвонҳоро мепӯшад. Дар ҳайвонҳои бемӯҳра Сипар аз пӯшиши каме ғафсшудаи хитинӣ ё лавҳачаи оҳакӣ ба вуҷуд меояд. Сипари хитинӣ ба баъзе ҳашарот (масалан, дуруштболҳо) ва харчангшаклҳои дараҷаи паст хос аст. Дар харчангшаклҳои дараҷаи олӣ (масалан, дар крабҳо) …

Муфассал »

СИПАР

СИПАР (лотинӣ Scutum ), бурҷи экваториест, ки қадри ситоравии зоҳирии ситораҳои он аз 4 беш нест. Мавриди мусоиди мушоҳида июн— июл. Қариб аз тамоми территорияи СССР намоён аст. Нигаред низ Осмон.

Муфассал »

СИПАНД

СИПАНД, ҳазориспанд (Рeganum harmala), гиёҳи бисёрсолаи хушбӯи доруист аз оилаи ласфиҳо. Нигаред низ Испанд.

Муфассал »

СИПАНДӢ Мулло Абдулкарим

СИПАНДӢ  Мулло Абдулкарим (1829, Самарқанд —1908, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Аз оилаи ҳунарманд. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, таҳсили минбаъдаро дар Бухоро идома дод. Пас аз таҳсил ба Самарқанд баргашта, дар мадрасаи Улуғбек мударрис шуд. Аз Сипандӣ девони нопуррае (2056 байт) боқист. Дар баёзҳо зиёда аз 120 байт ашъори шоир …

Муфассал »