Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абон ибни Абдулҳамиди Лохиқӣ

unknown_person-05

АБОН ибни Абдулҳамиди Лохиқӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 815), шоир ва адиби арабизабони эронинажод. Давраи ҷавонӣ ва таҳсилоташ дар Басра гузаштааст. Баъдан ба Бағдод рафт ва ба махфили адабии вазирони маъруфи эронии Хилофат – Бармакиён пайваст. Абон «Калила ва Димна», «Булухар ва Будосаф», «Китоби Синдбод» («Синдбоднома»), «Сирати Ардашер» («Корномаи …

Муфассал »

АБОҚОХОН

АБОҚОХОН (муғулӣ, ба маънои амак; феврали 1234, Муғулистон – 1 апрели 1282, Ҳамадон), писари калонии Ҳалокухон, дуюмин хони муғул аз силсилаи Халокуиёни Эрон. Абоқохон дар лашкаркашии падараш ба Эронзамин (1256) ширкат карда, бахусус дар ҷангҳои зидди Урдаи Заррин (солҳои 1261 – 62) хеле фаъол буд. Дар замони падараш волии Хуросон …

Муфассал »

АБОЗИЯ

АБОЗИЯ – ибозия, фиркае аз хавориҷ, ки муассисаш Абдуллох ибни Абози Тамимӣ (асри 8) мебошад. Он яке аз кӯҳантарин фиркаҳо дар байни мусулмонон аст. Ба Абозия гурӯҳи нисбатан хурде шомил буд, вале аз лиҳози таърихӣ ва таълимоташ аҳамияти бузургеро молик мебошад. Абозия пайравони худро аҳли ҳақ ё худ асҳоби даъват ва …

Муфассал »

Абовян Хачатур

abovyan-xatchtur

АБОВЯН Хачатур (1805-1848), нависанда, маорифпарвари демократ, асосгузори адабиёту забони адабии нави арман, педагог ва мардумшинос. Донишгоҳи Тартуро (Эстония) хатм кардааст (1836). Ба муқобили таассуб ва зоҳирпарастӣ, ки рӯҳониён дар таълим ҷорӣ карда буданд, мубориза мебурд. Абовян дар анвои гуногуни адабӣ -роман, ҳикоя, намоишнома барои театр, ашъори ғиноӣ, масал ва ғайра …

Муфассал »

СИСТЕМАИ ГЕЛИОСЕНТРИИ ОЛАМ

СИСТЕМАИ ГЕЛИОСЕНТРИИ ОЛАМ, таълимотест, ки мувофиқи он Замин ба монанди дигар сайёраҳо дар атрофи Офтоб ва меҳваро худ давр мезанад. Бунёди Системаи гелиосентрии олам, ки он дар инкишофи илмҳои табиатшиносӣ аҳамияти ҳалкунанда дошт, ба давраи Эҳё рост меояд. Асари барҷастаи Н. Коперник «Дар бораи гардишҳои сфераҳои, осмонӣ ки дар он …

Муфассал »