Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИСТЕМАИ МУОДИЛАҲОИ ДИФФЕРЕНСИАЛӢ

sys-muod-differencial

СИСТЕМАИ МУОДИЛАҲОИ ДИФФЕРЕНСИАЛӢ, системаи муодилаҳоеро номанд, ки дар онҳо функсияҳои номоълум таҳти аломати ҳосила ë дифференсиал мебошанд. Агар дар Системаи муодилаҳои диференсиалӣ функсияи номаълум яктағйирëбанда бошад, системаро оддӣ меноманд. Агар функсия бисёртағйирёбанда бошад, он Системаи муодилаҳои деференсиалии ҳосилаҳояш хусусӣ ном дорад Системаи муодидаҳои диференсиалии параболӣ ва эллппсӣ ҳам мавҷуданд. Системаи …

Муфассал »

СИСТЕМАИ МАЖОРИТАРӢ

sys-mazhoritari

СИСТЕМАИ МАЖОРИТАРӢ (аз франсавӣ аксарият, қисми зиëд), дар ҳуқуқи давлатҳои буржуазӣ, системаи муайянкунии натиҷаи овоздиҳӣ дар интихоботи органҳои намояндагиро гуянд. Мувофиқи Системаи мажоритарӣ дар округи муайян шахси интихобшуда фақат номзаде буда метавонад, ки аксарияти овозҳои аз тарафи қонун муайяншударо ба даст оварад. Системаи мажоритарӣ дар аксарияти давлатҳои мутараққии капиталистӣ (ШМА, …

Муфассал »

СИСТЕМАИ МОЛИЯ

СИСТЕМАИ МОЛИЯ, 1) ба маънои васеаш маҷмуи соҳаҳои гуногуни муносибатҳои молиявиро гӯянд, ки тавассути онҳо истифодаи фондҳои пулӣ дар ин ё он форматсияи иҷтимоию иқтисодӣ ба роҳ монда мешаванд. 2) Ба маънои маҳдудаш — системаи муассисаҳои молиявии мамлакат, ки дар ҷараëни таъминоти молиявию кредитӣ ҷамъоварии маблағҳои пулӣ ва тақсими онҳо, …

Муфассал »

СИСТЕМАИ ЛИМФА

sis-limfa

СИСТЕМАИ ЛИМФА, маҷмӯи рагҳо, гиреҳҳо ва бофтаи ҳайвони мӯҳрадор ва одамро гӯянд, ки лимфаро аз бофтаю узвҳо ба системаи венозӣ мегузаронанд ва организмро ҳимоя мекунанд. Системаи лимфа аз капиллярҳои лимфа сар мешавад. Капиллярҳо ба рагҳои хурди лимфа ва рагҳои хурд ба рагҳои калони лимфа муттаҳид шуда, дар охир ду маҷрои …

Муфассал »

СИСТЕМАИ ЛИМБӢ

СИСТЕМАИ ЛИМБӢ маҷмӯи шӯъбаҳои мағзи сарро гуянд, ки асосан дар сатҳи дарунии нимкураҳои калон ҷойгир шудаанд. Системаи лимбӣ дар танзими функсияи узвҳои дарунӣ, шомма, рафтори инстинктивӣ, ҳаяҷони рӯҳӣ (эмосия), хотир, хоб, бедорӣ ва ғайра иштирок мекунад.

Муфассал »