Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИТОРАИ ДУМДОР

СИТОРАИ ДУМДОР  номи халқии комета. Намоён шудани онро қадимиён аломати рӯй додани ягон ҳодисаи наҳс медонистанд. Дар ашъори шоирони классикии форс-тоҷик Ситораи думдор чун рамзи бадӣ ва бехосиятӣ истифода шудааст.   Мисвоки зоҳид аз сари ӯ дур мекунам, Дандони ин ситораи думдор мекашам. (Сайидо)

Муфассал »

СИТОК

СИТОК, навдаву шохи наврӯстаи ток ва дарахтони дигарро гуянд.

Муфассал »

СИТОР

sitor

СИТОР, асбоби тории мусиқиест, ки дар Ҳиндустон маъмул аст. Ситорро бо нохун чинда-чинда менавозанд. Дастааш нисбат ба сато (сетор) ғафстар аст. 18—20 парда дорад. Ситор чор тори асосӣ дорад ва аз паҳлӯи дастааш 15 тори иловагӣ барои резонасия (пурқувваткунии садо) кашида шудааст. Косааш себшакли дарунхолист. Сарпӯши косааш тахтачаи суфта аст. …

Муфассал »

СИ ТО

СИ ТО 1) номи таронаи қадимии аҳди Сосониён, ки Борбади Марвӣ эҷод кардааст. Сито бо шаклу мазмуни худ руҳи хушҳолонаи мардумро дар рӯзҳои ҷашн, зебоии олами созу суруд, базмҳои хуррамию сурур ва ғайраро инъикос мекардааст. 2) Номи асбоби мусиқии торӣ, ки ба танбӯр шабоҳат дорад, аслан бо номи сато машҳур …

Муфассал »

Вилояти СИСТОН

Вайронаҳои қалъаи Нусрутобод, Сиистон

СИСТОН вилояти таърихие дар ҳудуди Эрон ва Афғонистон (дар замони қадим Дрангиана низ меномиданд). Номи Систон аз номи қабилаи сакоиҳо бармеояд. Қабилаҳои ҳиндуевропоии сакоиҳо тақрибан дар миëнаҳои асри 2 то милод аз Шимол омада, дар ин ҷо маскан гирифтанд ва ба сукунатгоҳи худ Сакистон (мамлакати сакоиҳо) ном доданд (дертар Сиистон,Систон …

Муфассал »