Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СКАТОЛ

skatol

СКАТОЛ (аз юнонӣ ckor — саргин), В-метиллиндол, пайвасти гетеросиклӣ. Кристалли беранги бадбӯй; t гудозишаш 950С, t  ҷӯшишаш  265°С. Дар об ҳал нашуда, дар ҳалкунандаҳои органикӣ ҳал мешавад. Скатол ба миқдори кам дар зифти ангиштсанг ва баъзе равғанҳои эфирӣ мавҷуд аст; ҳангоми пӯсидани моддаҳои сафедавӣ ҳосил мешавад. Скатоли синтезиро бо роҳи …

Муфассал »

СКАРНҲО

skarn

СКАРНҲО (аз шведӣ — лой, партов), ҷинсҳои кӯҳии метасоматиеро гуянд, ки таркибашон аз силикатҳои калсий, магнию оҳандор ва алюмосиликатҳо иборатанд. Скарнҳо асосан дар зонаи контактӣ (аксар дар ҷойҳои баҳамрасии ҷинсҳои магмавӣ бо оҳаксанг ё доломитҳо) ва баъзан дар дохили ҷинсҳои магмавӣ ва таҳшинию метаморфӣ вз таъсири маҳлулҳои баландҳарорати магматогенӣ ба …

Муфассал »

СКАПОЛИТ

skapoliti

СКАПОЛИТ (аз юнонӣ Scapos — тана, қаламча, сутун ва Lithos—санг), як гурӯҳ минералҳоро гӯянд, ки ба синфи силикатҳо мансуб буда, аз қатори изоморфӣ иборатанд. Дар системаи тетрагоналӣ кристалл мебандад, кристаллҳои қаламчашакл ё агрегатҳои яклухти донадор ҳосил мекунад; бо кристаллҳои призмашакли худ аз шпатҳои даштӣ тафовут дорад. Сахтиаш 5—6; зичиаш 2500—2780 …

Муфассал »

Кӯҳҳои Скандинавия

СКАНДИНАВИЯ (кӯҳҳои Скандинавия), системаи кӯҳиест дар нимҷазираи Скандинавия, асосан дар территорияҳои Швесия ва Норвегия. Қариб ба 1700 км тӯл кашидааст, бараш дар Шимол 200—300 км, дар Ҷануб то 600 км. Ҷои баландтаринаш 2469 м (кӯҳи Галхёпигтен). Дар Скандинавия пиряхҳои калонтарини қисми материкии Европа (масоҳаташ қариб 5000 км 2) ҷой гирифтаанд. …

Муфассал »