Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

САЙКО Виктор Антонович

САЙКО Виктор Антонович (18. 12. 1905, райони Апостол, ҳоло вилояти Днепропетровск —25. 08. 1983, Душанбе), ходими партиявӣ ва давлатии советӣ. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1929. Соли 1919 Сайко ба мактаби ҳарбию фелдшерии Херсон дохил шуд. Солҳои 1919—1920 ҷанговари отряди қисмҳои ҳарбии махсус. Солҳои 1925—1926 ангишткани кони …

Муфассал »

САЙИДОИ НАСАФӢ Миробид

saidoi-nasafi

САЙИДОИ НАСАФӢ Миробид (соли таваллудаш номаълум — вафоташ байни солҳои 1707—1711, Бухоро), шоири тоҷик. Зоҳтран, аҷдоди ӯ аз Насаф (Қаршӣ) буда, вале худаш дар Бухоро аз оилаи ҳунарманди қашшоқ ба дунё омадааст. Дар овони кӯдакӣ ва наврасӣ зиндагии пурмашаққат ва ғамангезе доштааст, ки байти зерни ба ин ҳолати ӯ ишораии …

Муфассал »

Деҳаи САЙИДО

САЙИДО, деҳаест дар Совети қишлоқи «50-солагии РСС Тоҷикистон»-и pайони Куйбишев, вилояти Қӯрғоптеппа. Территорияи совҳози «Съезди 25-уми партия». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 км, то район 8 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 475 нафар (1981), тоҷикон. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш пахтаю ғаллакории чорво ва кирмакдорист. Зиминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

САЙИДАҲМАДИ ҒАЗОЛУЛЪАЙН

САЙИДАҲМАДИ ҒАЗОЛУЛЪАЙН (соли таваллудаш номаълум, вафоташ 1578), яке аз хаттотони асри 16 тоҷик. Аслан аз Машҳад. Барои омӯхтани ҳунари хаттотӣ ба Ҳирот омада, ба Миралӣ шогирдшуда, то ба дараҷаи устодӣ расидааст. Сайидаҳмади Ғазолулъайнро ҳамроҳи Миралӣ ва баъзе хаттотону ҳунармандони дигар солт 1529 ба Бухоро овардаанд. Сайидаҳмади Ғазолулъайн чанд муддат ҳамроҳи …

Муфассал »

САЙИДАЛИИ САБЗВОРӢ

САЙИДАЛИИ САБЗВОРӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 16). Дар чанде аз тазкираҳо (аз ҷумла, «Рӯзи равшан»-и Сабо) номаш дар радифи 1 шоирони ғазалсарои асри 16 зикр шудааст. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш равшан нест. Аз эҷодиёти Сайидалии Сабзворӣ абёти парокандаи ғазалу қасидаҳо тавассути тазкиираҳо то замони мо боқӣ мондааст. …

Муфассал »