Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СПАРГАПИС

spargapis

СПАРГАПИС (соли таваллуд ва вафот номаълум), писари пешвои қабилаи массагетҳо Тумирис, сарлашкари ҷавон, ки бо фармони модараш (Тумирис) ҷанговарони массагетро ба муқобили Куруши II сарварӣ кард. Мувофиқи маълумоти таърихшиносони Юнон — Геродот, Юстин — Трог ва дигарон Куруши II ба кишвари массагетҳо даромада ба худ бошишгоҳе сохт. Вале пас аз …

Муфассал »

СПАЗМОФИЛИЯ

kudak

СПАЗМОФИЛИЯ (аз юнонӣ sраsmоs— мекашам ва рhilia-майл), дарди шахаки кӯдакон, истишноҷ, кузозати тифлон, бемории бачагонаест (бештар кӯдакони то 2-сола), ки дар натиҷаи он миқдори калций дар хун кам, ҳаяҷонпазирии асабия ва худ аз худ кашиши (рагкашии) мушакҳои роҳи овоз афзун мегардад. Сабаби асосии Спазмофилия норасоии витамини Д ва ихтилоли функцияи …

Муфассал »

СОҶ

tectona_grandis

СОҶ, 1) тик, булути ҳиндӣ (Tectonagrandis), дарахтест аз оилаи мушкбедҳо; то 40—50 м қад мекашад. Баргаш калон (дарозиаш 30— 60 см), гулаш майда, хӯшагулаш туғшакл, мевааш «донакмонанд», чӯбаш сиёҳ. Дар бешазори паҳнбарги Осиё (аз Ҳиндустон то Индонезия) мерӯяд. Соҷро дар ноҳияҳои тропикии Осиё мепарваранд, Чӯбаш хеле хушсифат аст; то 200 …

Муфассал »

СПАЗМ

spazm

СПАЗМ (юнонӣspasmos, аз sрао — мекашам), ташаннуҷ, кашиши ихтилоҷии мушакҳои дасту пой ё девораи мушакии рагҳои хун, сурхрӯда, рӯдаҳо ва дигар узвҳои дарунхолӣ. Нигаред низ Рагкашӣ.

Муфассал »

СОҲИРӢ

magia

СОҲИРӢ (арабӣ       аз сеҳр), ҷодугарӣ, афсунгарӣ, як одати хурофотиро гӯянд, ки тибқи он соҳирон гуё тавассути қувваҳои фавқуттабиӣ воқеаву ҳодисаҳоро идора мекардаанд. Соҳирӣ маҳсули маънавии ҷамоаи ибтидоист; зимни эътиқоди одамони қадим ба таъсири мутақобили инсон ва табиат ба вуҷуд ома- дааст. Бо мурури замон Соҳирӣ ба тар- киби динҳои ибтидоӣ …

Муфассал »