Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СПИРАЛҲО

spiral

СПИРАЛҲО (франсавӣ spirale, аз лотbymspiraа, юнонӣ Spoeira — печа), хатҳои каҷи ҳамвореро гӯянд, ки атрофи ягон нуқтаро ба микдори беинтиҳо давр мезананд ва ҳар дафъа ба ои наздик б худ аз он дур шуда мераванд. Агар нуқтаи мазкурро ба сифати ибтидои системаи координатаҳои қутбӣ интихоб кунем, он гоҳ муодилаи қутбии …

Муфассал »

СПИРИН Александр Сергеевич

spirin

СПИРИН Александр Сергеевич (4. 9. 1931, посёлкаи ба номи Калинин, ҳозира шаҳри Калинингради вилояти Москва), биохимики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1970; аъзокоррспондент 1966). Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1954). Аз соли 1962 мудири лабораторияи Институт биохимияи ба номи А. Н. Бах Академияи Фанҳои СССР. Аз 1964 профессор ва аз …

Муфассал »

СПИНОЗА Бенедикт

spinoza

СПИНОЗА (Spinoza, D,Еsoinosa) Бенедикт (Барух) (24 11. 1632, Амстердам—21. 2. 1677), файласуф-материалист ва атепсти нидерландӣ. Барои озодандешӣ аз ҷамоаи яҳудии Амстердам ронда шуд. Асарҳои асосиаш «Рисолаи динию сиёсӣ» ва «Этика» мебошанд. Бар хилофи афкори дуалистии Р. Декарт Спиноза табиатро ҷавҳари ягона, абадӣ ва беинтиҳо дониста, онро бо худо баробар мекард …

Муфассал »

СПИН

spin

СПИН (англисӣ spin —чарх задан). моменти миқдори ҳаракати хусусии зарраҳои элементарист, ки табиати квантӣ дошта, ба ҷойивазкунии худи зарраи бутун вобаста нест. Спин бо воҳидҳои собитаи Планк ифода мепазад. Мафҳуми Спинро олимони америкоӣ Ҷ. Уленбек ва С. Гаудсмит соли 1925 ба физика дохил намуданд.

Муфассал »

СПИДОМЕТР

speedometr

СПИДОМЕТР (аз англисӣ sрееd — суръат ва …метр). асбобест барои муайяи намудани суръати ҳаракати автомобил ба ҳисоби км/с. Спидометрҳои магнитоиндукционӣ ва механикӣ мавҷуданд. Дар Спидометри дорои муҳаррики механикӣ нишондиҳандаи суръат ва ҳисобгири масофа тавассути наварди қаиш бо редукторе пайванд мешавад, ки онро наварди барандаи қутиии таҳвил чарх мезанонад.

Муфассал »