Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СТАНСИЯҲОИ ТАҶРИБАВИИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ

xojagii-kishlok

СТАНСИЯҲОИ ТАҶРИБАВИИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ, муассисаҳои тадқиқотианд, ки дар шароити ба истеҳсолот наздик, тарзу услубҳои илман асосноки киштукори растаниҳои хоҷагии қишлоқ ва дар хоҷагиҳои хизматрасони маҳал ҷорӣ намудани чорводориро мавриди баррасии илмӣ қарор додаанд. Усулҳои асосии тадқиқотии Стансияҳои таҷрибавии хоҷагии қишлоқ: дар саҳро ё фермаҳо, инчунин лабораторияҳо гузаронидани таҷриба.

Муфассал »

СТАНСИЯИ ҚАМАРӢ

«Луна-9»

СТАНСИЯИ ҚАМАРӢ, станцияи автоматӣ ё маскуни кайҳонист барои кор кардан дар рӯи Моҳ. Аввалин Стансияи қамарии автоматӣ (стасионарӣ) «Луна-9» буд (3 феврали 1966). Нахустин Стансияи қамарии мутаҳаррика низ зодаи техникаи советӣ буд. («Луноход-1», 1970). Стансияи қамарии маскуни стасионарӣ «Аполлон-11»-ро мутахассисони америкоӣ сохта сар доданд (1969).

Муфассал »

СТАНЦИЯИ ЭЛЕКТРӢ

electrostancia

СТАНЦИЯИ ЭЛЕКТРӢ, истгоҳи барқӣ, электростансия, корхонаест, ки энергияи электр ва дар мавридҳои ҷудогона энергияи гармӣ низ (ТЭЦ) истеҳсол мекунад; аз маҷмӯи таҷҳизоту дастгоҳҳо ва биною иншооте иборат аст, ки бевосита барои истеҳсоли энергия истифода мешаванд. Вобаста ба манбаи энергия стансиҳои электриро ба навъҳои зерин ҷудо мекунанд: ҳароратӣ (паротурбинӣ, газотурбинӣ, дизелӣ), …

Муфассал »

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРУ ГАРМӢ (ТЭЦ)

tec

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРУ ГАРМӢ, маркази электру гармӣ (теплоэлектросентрал, ТЭЦ), стансияи электрии ҳароратиест, ки ҳам энергияи электр ва ҳам гармӣ (буғу оби гарм) истеҳсол мекунад. Стансияи электру гармӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ аз стансияи электрии ҳароратие, ки фақат энергияи электр ҳосил мекунад, бартари дорад, дар он 20—25% камтар сӯзишворӣ (ангишт, газ, мазут ва …

Муфассал »

Нерӯгоҳи барқии ҳароратӣ (ТЭС)

tes

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ҲАРОРАТИ (ТЭС), исттоҳи барқиест, ки энергияи ҳароратии сӯзишвориро ба энергияи электр табдил медиҳад. Стансияи электрии ҳарорати ду навъ мешавад: станцияи электрии конденсационӣ (фақат барои истеҳсоли энергияи электр хизмат мекунад) ва станцияи электру гармӣ (ҳам энергияи электр ва ҳам буғу оби гарм истеҳсол мекунад). Аввалин Стансияи электрии ҳарорати дар …

Муфассал »