Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СТАФФОРД Томас

thomas_stafford

СТАФФОРД (Stafford) Томас (тав. 17. 9. 1930, Уэтерфорд, штат Оклахома), кайҳоннаварди Штатҳои Муттаҳидаи Америка, генерали бригадаи Қувваҳои Ҳарбӣ Ҳавоӣ, дар истеъфо. Баъди хатми Академияи ҳарбии баҳрии Штатҳои Муттаҳидаи Америка (1932) унвони бакалаври илмро гирифт. Дар Қувваҳои Ҳарбӣ Ҳавоӣ хизмат намуда, дар самолётҳои гуногун парвоз кардааст. Аввали соли 1902 аъзои гурӯҳи …

Муфассал »

СТАФИЛОКОККҲО

stafilokokk

СТАФИЛОКОККҲО (аз юнонӣ staphulе — хӯша ва коккҳо), як ҷинси бактерияҳои курашакли беҳаракатро гуянд, ки қангоми афзоиш тӯдаҳои хӯшамонанд ҳосил мекунанд; қутри ҳуҷайразшон 0,6—0,8 мкм. Дар ҳаво ва пӯсти ҳайвоноту одам зиндагӣ мекунанд. Стафилакоккҳо метавонанд як қатор моддаҳои заҳрнок ҳосил намоянд. Стафилакоккҳо дардовар буда, фасодгирии захм, варами маддадор (абсцесс), пучак, …

Муфассал »

СТАТУС-КВО

law

СТАТУС-КВО (лотинӣ statusquо — мавқеъ, ки дар он), дар ҳуқуқи байналхалқӣ истилоҳест барои ифодаи авзои воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар ин ё он муддати муайян амал дорад ва сухан аз барқароркунӣ ё нигаҳдории он меравад. Дар муомилоти ҳуқуқи байналхалқӣ низ истилоҳи «статус — кво анта беллум» истифода мешавад, ки он …

Муфассал »

СТАТОР

stator

СТАТОР (англисӣ stator, аз лотинӣ sto — истодаам)-и мошини электрӣ, қисми беҳаракати мошинҳои электриро гуянд, ки ҳомили майдони магнитӣ ва конструксияи ҳаракатовар бувад. Статор аз дилак ва поя таркиб ёфтааст.

Муфассал »

СТАТИСТИКАИ КВАНТӢ

quantumoccupancies

СТАТИСТИКАИ КВАНТӢ, як фасли физикаи статистикист; системаи зарраҳоеро тадқиқ мекунад, ки ба қонунҳои механикаи квантӣ тобеанд. Нигаред низ Физикаи статистикӣ.

Муфассал »