Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СТОМАТОЛОГИЯ

stoma

СТОМАТОЛОГИЯ (аз юнонӣ stomatos — даҳон ва …логия), як соҳаи тибро гӯянд, ки сохти дандон, сабабҳои пайдоиш, муолиҷа ва пешгирии дарди дандон, милки дандон, забон, пардаи луобии даҳон, ҷоғ ва бофтаҳои атрофи онро меомӯзад. Стоматология таърихи қадим дорад. Дар асарҳои духтури ҳинд Сушрут (асрҳои 6 —5 то мелод) 65 бемории …

Муфассал »

СТОП-СИГНАЛ

stop-signal

СТОП-СИГНАЛ (аз англисӣ stop — боздоштан ва сигнал), чароғаки танвирии дар паси автомобил, троллейбус, мотоцикл ҷойгиршуда, ки ҳангоми тормоз додан он равшан мешавад ва ронандагони дигар нақлиётро огоҳ мекунед.

Муфассал »

СТОМАТИТ

stomatit

СТОМАТИТ (аз лотинӣ stomatos — даҳон), дарди даҳон, ҷӯшиши даҳон, барфак, илтиҳоби пардаҳои луобии даҳон. Стоматити одам аз осеби механикӣ, ҳароратӣ, химикӣ ва ғайра, авитаминоз, диабет, бемориҳои дилу раг, асаб, узвҳои хунофар ва узвҳои ҳозима, бемориҳои сироятии шадид (масалан, сурхча, махмалак, хуноқ) ва музмин (масалан, сил), заҳролудшавӣ ва ғайра ба …

Муфассал »

СТОЛЕТОВ Александр Григоревич

alexander_stoletov

СТОЛЕТОВ Александр Григоревич (10. 8. 1839, Владимир —27. 5. 1896, Москва), физики рус. Аз оилаи савдогар. Соли 1860 Университети Москваро хатм кард. Солҳои 1862—66 дар Берлин аз Г. Г. Магнус, дар Гейделберг аз Г. Кирхгоф, дар Готтанген аз В. Вебер таҷриба омӯхт. Аз соли 1866 сар карда дар Университети Москва …

Муфассал »

СТОКС

СТОКС, воҳиди ғилзати кинематикӣ дар Системаи воҳидҳои СГС. Ишораташ Ст. Мавсум ба Ҷ. Г. Стокс. 1 Ст 1 см2/сон. Воҳиди 100 карат хурди он сантистокс (сСт) бештар истифода мешавад.

Муфассал »