Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТОЛЕТОВ Александр Григоревич

СТОЛЕТОВ Александр Григоревич

alexander_stoletov

СТОЛЕТОВ Александр Григоревич (10. 8. 1839, Владимир —27. 5. 1896, Москва), физики рус. Аз оилаи савдогар. Соли 1860 Университети Москваро хатм кард. Солҳои 1862—66 дар Берлин аз Г. Г. Магнус, дар Гейделберг аз Г. Кирхгоф, дар Готтанген аз В. Вебер таҷриба омӯхт. Аз соли 1866 сар карда дар Университети Москва дарс гуфт (профессор аз соли 1873). Столетов асосан масъалаҳои электр ва магнетизмро тадқиқ кардааст. Соли 1876 нисбати воҳидҳои электромагнитӣ ва электростатикиро чен карда, киматеро дарёфт, ки ба бузургии суръати нур наздик аст. Таҷрибаҳои мазкур ва таклифи ӯ дар боби андозагирии ин бузургии физикӣ (таклифҳои ӯ дар конгресси якуми электротехникҳо маъқул дониста шуд) ба тасдиқи назарияи электромагнитии рӯшноӣ мусоидат кард. Соли 1888 ба тадқиқи фотоэффекти беруна шурӯъ кард. Ин тадқиқот ба ӯ шӯҳрати ҷаҳанӣ овард. Вай қонуни якуми фотоэффектро (қувваи фотоҷараён ба интенсивияти рӯшноии афтанда мутаносиби роста аст) кашф вамуд. Имконияти дар фотометрия истифода бурдани фотоэффектро нишон дод. Фотоэлементро ихтироъ кард ва ғайра. Солҳои 1882—94 услубҳои муайян кардани ҳолатҳои бӯҳрониро тадқиқ намуд.

Яке аз бунедгузорони Институти физикаи Университети Москва мебошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …