Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СТРОФОИДА

strofoida

СТРОФОИДА (аз юнонӣ strophos — лентаи тобхӯрда ва eidos — шакл), хати каҷи алгебравии тартиби сеюмро гӯянд, ки муодилааш дар системаи координатаҳои декартӣ мебошад. Аввалин маротиба Э. Торичелли омӯхтааст (1645).

Муфассал »

СТРОНСИЙ

stronciy

СТРОНСИЙ (лотинӣ strontium), Sr, элементи химиявиест аз гурӯҳи системаи даврии Менделеев; рақами атоми 38, массаи атоми 87,62. Стронсийи табиӣ аз омехтаи чор изотопи собит иборат аст: 84Sr, 86Sr, 87Sr ва 88Sr; аз оиҳо 88Sr бештар (82,56%) маъмул аст. Якчанд изотоии сунъии С. (адади массазшон аз 80 то 97, аз ҷумла …

Муфассал »

СТРОНЦИАНИТ

strontsianit

СТРОНЦИАНИТ, минерал, карбонати стронций, Sr[С03]. Бори аввал соли 1787 дар наздикии маҳалли Строншиани Шотландия ёфт шудааст. Аксар вақт дар таркибаш СаСо3, баъэан ВаО ва РbО дорад. Рангаш сафед ё зарди равшан. Сахтиаш 3,5—4; зичиаш 3,5—4 г/см8. Дар баъзе рагҳои гидротермалӣ якҷоя бо сулфидҳо, калсит, барит ва ғайра вомехӯрад.

Муфассал »

СТРЕСС

stress

СТРЕСС (аз англисӣ stress— шиддат), дар психология, физиология ва тиб ҳолати иштидоди рӯҳист, ки ҳангоми фаъолияти одам дар шароитҳол мушкил (ҳаёти ҳаррӯза, инчунин вазъиятҳои махсус, масалан, парвози кайҳонӣ ва ғайра) ба вуҷуд меояд. Мафҳуми Стрессро ба илм физиологи канадагӣ Г. Селье (1936) дохил кард. Ҳангоми авҷи Стресс нуқсҳои идрок, хотира …

Муфассал »

СТРЕПТОКОККҲО

streptokok

СТРЕПТОКОККҲО (аз юнонӣ sreptos — силсила ва …коккҳо), як ҷинси бактерияҳои курашакли беҳаракатро гӯянд. Дар хок, наботот ва пӯсти ҳайвоноту одам зиндагӣ мекунанд. Стептоккокҳои дардангез боиси пайдоиши дарди гулӯ (ангиша), саромос, заҳролудшавии хун ва ғайра мегарданд; баъзеашон эритроситҳои хунро ҳал (гемолиз) мекунанд. Баъзе намудҳои Стептоккокҳо барои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ (ҷурғот, …

Муфассал »